«Валдай». Содиқ Имомӣ зарурати мубориза бо ташкилоти террористиеро, ки дар Афғонистон мустақар мебошанд, зикр намуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ 9 феврал дар Москва дар конфронси «Амнияти дастҷамъӣ дар давраи нав: таҷриба ва дурнамои СААД», ки аз ҷониби Клуби байналмилалии мубоҳисавии «Валдай» танзим гардид, иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суханронӣ С. Имомӣ зикр намуд, ки таҳлили раванди вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар минтақаи масъулияти СААД таъсири номусоидеро, ки ба раванди кунунии низоми амнияти дастҷамъӣ расонида мешавад, тасдиқ менамояд.
Таъкид гардид, ки таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказии амнияти дастҷамъии СААД дар дурнамои дарозмуддат бо вазъият дар Афғонистони ҳамсоя пайванди ҷудонашаванда дорад.
«Дар ин замина С. Имомӣ зарурати мубориза бо ташкилоти террористиеро, ки дар Афғонистон мустақар мебошанд, зикр намуда, аз пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД 10 январи соли 2022 зикр шуда буданд, ёдовар шуд», — таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, аввали моҳи январи соли равон СААД нахустин амалиёти посдори сулҳро дар таърихи мавҷудияташ ба унвони посух ба талош барои ноором кардани вазъ дар Қазоқистон анҷом дод. Аз сохторе, ки фаъолияташ дар сӣ сол қариб нонамоён буд, СААД ба механизми таъсиррасон ва муассири таъмини амният табдил ёфт. Ба гуфтаи Президенти Русия Владимир Путин, “механизми СААД фаъол гардид”. Дар нишасти онлайнии СААД, ки 10 январ дар пасманзари ҳаводиси Қазоқистон баргузор шуд, роҳбарони кишварҳои узви ин созмон — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон аҳамияти СААД-ро дар шароити кунунӣ эътироф намуда, доир ба роҳҳои мустаҳкам намудани ташкилот пешниҳодоти судманд ироа намуданд.
Имрӯз, тақрибан як моҳ пас аз амалиёт дар Қазоқистон дар назди кишварҳои СААД вазифаи дарки ҳодисаи рухдода ва таҳияи дақиқи он чиз меистад, ки минбаъд созмон ба кадом самт бояд рушд кунад.
Дар конференсияи маҳфили «Валдай» инчунин Дабири кулли СҲШ дар солҳои 2016-2018 Рашид Олимов ва директори Маркази тоҷикистонӣ оид ба омӯзиши Осиёи Марказӣ ва Чин Худобердӣ Холиқназар иштирок мекунанд.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо ҳамраиси Шурои кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар шаҳри Анқара Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти мусиқии симфонӣ густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Форуми оби Корея мулоқот намуд
Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 ҷамъбаст гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси минтақаи Ҷаҳрои Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса нусхаи эътимоднома супорид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаҳои синамо ва авиатсия густариш меёбад






