Варзоб: Аз минтақаҳои истироҳатӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ 110 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ боздид намудаанд
ВАРЗОБ, 05.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 аз минтақаҳои истироҳатӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Варзоб 110 ҳазор сайёҳони хориҷию дохилӣ боздид намуданд. Аз ҳисоби хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ ба буҷети маҳаллӣ 3 миллиону 234 ҳазору 459 сомонӣ ворид гардидааст.
Ин матлабро Раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон расонида, гуфт, ки соли 2021 дар ҳудуди ноҳия ба андозаи 27512,4 метри мурабаъ манзили истиқоматӣ, минтақаҳои истироҳатӣ, ҳавзи моҳипарварӣ, кӯдакистони хусусӣ ва ба маблағи 24 миллиону 73 ҳазору 860 сомонӣ биноҳои маъмурӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Зимни нишаст зикр шуд, ки бо ташаббуси сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 278 иншоот, аз ҷумла 15 муассисаи таълимӣ, 4 бинои маъмурӣ, 40 адад иншооти хизматрасонӣ, 30 адад иншооти савдо ва хӯрокворӣ, 17 иншооти истироҳатию фарҳангӣ, 18 толору майдончаи варзишӣ, 42 иншооти тиббӣ, 22 коргоҳу корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар ин иншоот 765 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд.
АКС :АМИТ «Ховар»








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






