ВКД: Соли 2021 аз гардиши ғайриқонунӣ 652 адад силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст

Февраль 3, 2022 10:49

ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ вобаста ба натиҷаи фаъолияти фаврӣ-хизматии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли 2021 дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи бурдани мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гузаронидани  корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 652 адад силоҳи оташфишон  мусодира карда шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

 Мавсуф зикр намуд, ки танҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 364 адад силоҳи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ муодира гардидааст.

Ба иттилои Вазири корҳои дохилӣ, соли сипаригардида дар ҷумҳурӣ 24 ҳазору 118 адад ҷиноят ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 20 ҳазори он кушода  шудааст, ки  80,5 фоизро ташкил медиҳад.

«Ин нишондиҳанда, яъне шумораи ҷиноятҳои ба қайд гирифта дар миқёси ИДМ аз ҳама паст буда, аз ҷиҳати кушодашавии онҳо Тоҷикистон дар ҷои аввал мебошад. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ба ҳисобгирифташуда 15 ҳазору 563 ҳолати он аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор гардидааст».-тазаккур дод Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2022 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд