ВКХ аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон таҳсил ва ё дар муассисаҳои таълимӣ кор мекунанд, хоҳиш намуд аз сафар ба ин давлат худдорӣ намоянд

Февраль 2, 2022 16:10

ДУШАНБЕ, 02.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Новобаста ба фармоиши Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон аз 22 октябри соли 2021 дар бораи муҳайё намудани имконият барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил ва фаъолияти корӣ намудан дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон, дар қаламрави он кишвар ҳолатҳои муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони тоҷик мушоҳида мегарданд», хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муассисаҳои таълимоти олии Қирғизистон таҷрибаи ба таври сунъӣ кашол додани раванди бозпасдиҳии ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни тоҷикро идома дода, барои судури ҳуҷҷатҳои лозима барои гузариш ба макотиби олии Тоҷикистон монеа эҷод месозанд. Зимни ин дар аксар мавридҳо ба донишҷӯён шарт гузошта мешавад, ки маблағи ҳаққи таълимро барои соли пурраи таҳсил пардохт намоянд, ҳарчанд дар қарордодҳои онҳо бо муассисаҳои таълимии Қирғизистон талаботи мазкур пешбинӣ нашудааст.

Илова бар ин, далелҳои аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Қирғизистон боздошт шудани донишҷӯёни тоҷик дар гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар ба қайд гирифта мешаванд.

Бо дарназардошти ҳолати болозикр Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил ва кор мекунанд, бо исрор хоҳиш менамояд, ки аз сафар ба кишвари мазкур худдорӣ кунанд.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷӣ хотирнишон месозад, ки тибқи фармоиши Девони вазирони Қирғизистон №12 аз 21 майи соли 2021 вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қирғизистон ва ё сафари онҳо ба дигар кишварҳо тавассути қаламрави Қирғизистон то кунун манъ мебошад.

 

АКС: ВКХ Тоҷикистон

Февраль 2, 2022 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна