ЗАНОНРО ГАР ЗИ ДОНИШ ЗЕВАРЕ ҲАСТ… Дар Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм месазад, ки зевари илмро бар гардани Гулчеҳра Қоҳирова овехт

Февраль 11, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 11.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 11 феврал Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм эълон карда шуда, ҳамасола таҷлил мегардад. Дар ин рӯз месазад хизматҳои шоёни директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Гулчеҳра Қоҳирова — бонуеро, ки Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бо илму дониш ва кашфиёти назарраси астрономӣ муаррифӣ мекунад, зикр намоем.

Тавре зимни суҳбат Гулчеҳра Қоҳирова иброз намуд, дар ҷаҳон миёни астрономҳои ҳирфаӣ чорякашонро занон ташкил медиҳанд ва давлатҳое ҳастанд, ки дар онҳо умуман занони ситорашинос фаъолият намекунанд. “Мо метавонем ифтихор кунем, ки Тоҷикистон ба он давлатҳое тааллуқ дорад, ки дар онҳо шумораи кофии астрономҳои зан вуҷуд доранд ва онҳо дар ин самт баробари мардон фаъолият мебаранд”.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба як сайёраи хурд номи Гулчеҳра Қоҳирова дода шудааст. Ҳамзамон ӯ дорандаи Ҷоизаи байнидавлатии “Ситораҳои Иттиҳод» мебошад. Мавсуф соли дуюм аст, ки ин мукофотро соҳиб мешавад. Ҷоиза ба ӯ охири соли 2020 супурда шуд. Вай аввалин зани олим дар Тоҷикистон аст, ки ин ҷоизаро гирифтааст.

Мавриди зикр аст, ки Гулчеҳра Қоҳирова аз соли 1983, аз овони донишҷӯӣ дар Институти астрофизикаи Тоҷикистон кор кардааст. Беш аз даҳ сол дар вазифаи директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (аз соли 2014 – ҳамзамон ба сифати ходими пешбар ва аз 1 январи соли 2021 — роҳбари шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравии ИА АМИТ) кор мекунад.

Самти асосии тадқиқоти илмии ӯ ҷисмҳои хурди системаи Офтоб, хусусияти физикӣ ва динамикии онҳо, пайдоиш ва муносибати байни онҳо мебошад. Вай барои омӯхтани спектрҳои метеорҳо усули ҳақиқие кор карда баромад, ки дар асоси он оид ба таркиби микдори моддаи метеорӣ натиҷаҳои нав ба даст оварда шуданд. Таҳти роҳбарии Г. Қоҳирова дар Тоҷикистон шабакаи болидӣ таъсис ёфт, ки дар Осиёи Марказӣ аввалин шабака ва то ҳол ягона аст.

Бояд гуфт, ки бо шарофат ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар давраи соҳибистиқлолӣ мавқеи зан дар ҷомеа баланд бардошта шуд. Тамоми шароитро Сарвари давлат барои занону бонувон фароҳам оварданд, то онҳо дар ободиву пешрафти Ватан саҳм гузоранд. Дар ҷавоби ғамхориҳои роҳбари давлат занон – модарони тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра фаъолият намуда, сазовори ин ғамхориҳо бошанд. Воқеъан, дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ додаанд. Сарвари давлат бори дигар иброз доштанд, ки “ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд».

Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот софдилонаву содиқона заҳмат мекашанд.

Маҳз ба ҳамин хотир баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ Президенти кишвар қонун ва стратегияҳоеро қабул ва роҳандозӣ намуданд, ки ба тақвияти фаъолияти занону ҷавонон мусоидат намуд. Аз ҷумла, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки дар он ба рушди сармояи инсонӣ аҳамияти бағоят бузург дода шуда, таваҷҷуҳ ба неруи зеҳнӣ ва сармояи инсонӣ, таъсири амиқ расонидани он ба нишонаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар махсус таъкид шудааст.

Ногуфта намонад, ки роҳандозӣ намудани квотаи президентӣ барои духтарони кӯҳистонӣ барои ҳарчи бештар ҷалб намудани духтарон ба таҳсил мусоидат намуд. Дар муддати соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо духтарон ба воситаи квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои кишвар таҳсил намуда, соҳибкасб гардиданд. Ҳамзамон тавре дар Паёми навбатии Пешвои миллат зикр шудааст, «дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.”

Ба иттилои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, соли 2021 ба муассисаҳои илмию таҳқиқотии АМИТ 94 нафар мутахассисони ҷавон ба кор қабул карда шуданд, ки аз онҳо 11 нафар зан мебошад.

Аз шумораи умумии кормандони Академия 760 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо 24 нафар доктори илм ва 95 нафар номзади илм мебошанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 11, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид