1 АПРЕЛ-ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Дар Вазорати мудофиа ҷаласаи ҳамоҳангсозии омодагӣ ба ин маъракаи сиёсӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сардорони ситод ва сарситоди сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ доир гардид, ки дар он вазъияти ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳон, омодагӣ ба даъвати баҳории шаҳрвандон, тақвият бахшидани захираҳои сафарбарӣ, ташкилу ба роҳ мондани машқҳои муштараки васеи низомӣ ва баргузории якчанд чорабиниҳои муҳими низомии нақшавии дигар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, хабар доданд дар Вазорати мудофиаи мамлакат ба АМИТ «Ховар».
Иштирокдорони ҷаласа вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа ва ҷаҳонро байни ҳам муҳокима намуда, вобаста ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкиму тақвият бахшидани қудрати дифоии мамлакат иброз доштанд, ки дар шароити рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ, авҷ гирифтани ҳар гуна зуҳуроту хатарҳои глобалӣ ва вазъи ноорому пешгӯйинашавандаи ҷаҳони муосир хизматчиёнии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро зарур аст, ки дар иҷрои вазифаҳои касбиву хизматии хеш масъулияти баланд зоҳир намуда, чун ҳарвақта ҳушёру зирак бошанд ва бо ҳамкориву ҳамгироии муштарак дар таъмини амният, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи марзу буми Ватан саҳми арзанда гузоранд.
Вобаста ба даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар мамлакат, ки аз якуми апрели соли равон оғоз мегардад, масъулини Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ оид ба натиҷаҳои даъвати солҳои пешин ва омодагиҳо ба даъвати навбатӣ сухан гуфта, таъкид карданд, ки мақомоти давлатии даъват ва дигар ниҳодҳои вобастаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ-ҷамъиятиро зарур аст, ки фаъолияти хеш ва кори комиссияҳои даъватиро дар асоси талаботи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва қонунҳои амалкунандаи соҳа ба роҳ монда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ва сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Зимни баррасии масъалаҳо дар самти мудофиаи ҳудудӣ ва омодагии захираҳои сафарбарӣ ҳамоҳангии сохторҳои марбута дар таъмин ва омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои сафарбарӣ муҳиму зарурӣ арзёбӣ гардид. Аз ин ҷост, ки дар ҷаласа аз ҷониби масъулини сохторҳои қудратии мамлакат ба масоили ҷамъомаду машғулияти сафарбарӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ, захираи шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, муайян намудани теъдоди мушаххаси онҳо, ҳангоми баргузории машғулият баланд бардоштани масъулият ва вазифаву уҳдадориҳои иштирокчиён дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг, сафарбарии техникаҳои хоҷагии халқ, дар пойгоҳи тамоми комиссариатҳои ҳарбӣ муҷаҳҳаз намудани нуқтаҳои идоракунӣ, тақвият бахшидани мудофиаи ҳудудӣ, тибқи талаботи ойинномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои роҳбарикунандаю ташкили пайвастаи дарсҳои соҳавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамин тавр, дар охир иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасигарда ва ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулияти омодагии сафарбарӣ ва маҷмӯи машқҳои муштараки васеи низомӣ, ки бо ҷалби ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат дар якҷоягӣ бо пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми шаш моҳи соли равон ба нақша гирифта шудааст, бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.
АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ








10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид






