10 РӮЗ БИДУНИ БАҚАЙДГИРӢ. Тоҷикистон ва Узбекистон тартиби сафарҳои дуҷонибаи шаҳрвандонашонро сода менамоянд

Март 29, 2022 11:45

ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Узбекистон нақша доранд тартиби сабти номи муваққатӣ барои шаҳрвандони худро сода гардонанд, хабар доданд дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Вакилони Парлумони Тоҷикистон аллакай протоколи ворид кардани тағйироту илова ба Созишнома бо ҳукумати Узбекистонро баррасӣ намуданд. Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дар Палатаи поёнӣ зикр намуданд, ки бо дарназардошти он ки солҳои охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар менамоянд, афзоиш ёфтааст ва бинобар сабаби кам будани муҳлати бақайдгирӣ онҳо баъзан ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, аз ин лиҳоз Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 ба имзо расида, тибқи он ба бандҳои 3 ва 4 илова ворид карда шуд.

Тибқи ин бандҳо, шаҳрвандони давлати яке аз тарафҳо, ки ба қаламрави давлати ҷониби дигар ворид мешаванд, аз уҳдадории бақайдгирӣ ва қайди муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати тарафи иқомат ба муҳлати  10 (даҳ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштани сарҳади давлатии давлати ҷониби қабулкунанда озод мешаванд.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки мақомоти Узбекистон аз 16 март маҳдудияти убури марз бо Тоҷикистон ва Қазоқистонро, ки моҳи январи соли 2022 бо далели паҳн шудани штамми нави коронавируси омикрон ҷорӣ шуда буд, аз миён бардоштаанд.

Корҳо дар ин самтро ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ оғоз мекунанд.

  АКС: © Sputnik / Рамиль Ситдиков

Март 29, 2022 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид