Маликшо Неъматзода бо Қудратилло Рафиқов ва Сергеус Гловатскас барои ҳамкории минбаъда суҳбати телефонӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) Маликшо Неъматзода бо раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Узбекистон Қудратилло Рафиқов ва мудири бахши кор бо меҳнаткашони Бюрои ташкилоти байналмилалии меҳнат (МОТ) оид ба Аврупо ва Осиёи марказӣ Сергеус Гловатскас суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар ФИКМТ хабар доданд.
Зимни суҳбат ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд. То ин муддат аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсия ва 22 тавсияи Ташкилоти байналмилалии Меҳнат пазируфта шудааст.
Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон миёни федератсияҳои иттифоқҳои касабаи ду кишвари ҳамсоя- Тоҷикистону Узбекистон мемореандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии ҳамкорӣ табодули назар карда, ҷиҳати вусъати ҳамкории минбаъда омодагии комилашонро изҳор доштанд.
Суҳбат дар фазои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ ҷараён гирифт.
Акс: ФИКМТ








Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид






