24 МАРТ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва талош барои хотима додан ба он аст

Март 24, 2022 12:54

ДУШАНБЕ, 24.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил ҳамасола 24 март дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи таҷлили ин сана баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳамагирии ҷаҳонии сил ва талошҳо барои хотима додан ба ин беморӣ мебошад.

Аз ин рӯ моҳҳои март ва апрел дар тамоми ҷаҳон чорабиниҳо бахшида ба бемории сил гузаронида мешаванд, то ки мардум дар бораи ин беморӣ, ки пешгиришаванда ва табобатшаванда мебошад ва ҳамасола тақрибан ду миллион нафар аз он ба ҳалокат мерасанд, огоҳии бештар пайдо кунанд.

Таърихи Рӯзи ҷаҳонии зидди бемории сил

Аввалин маротиба 24 марти соли 1882 микробиологи олмонӣ Роберт Кох соли 1882   пас аз  17 соли кор дар лаборатория барангезандаи бемории силро кашф намуд,  ки онро батсилаи Кох (БК)  ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Ҳангоми зери микроскоп таҳқиқ намудани  балғами шахси гирифтори бемории сил ӯ барангезандаеро пайдо кард.  Ҳоло табибони силшинос аз истилоҳи МБС (микробактерияи бемории сил) истифода мебаранд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз соли 1993 ин бемориро яке аз мушкилоти ҷаҳонӣ эътироф намуда, таҷлили онро саросарӣ намуд.

Дар тамоми ҷаҳон барои пешгирӣ намудани ин беморӣ барномаҳои махсус амалӣ мегарданд. Ин сана сокинонро даъват мекунад, ки мушкилоти мавҷударо инъикос намоянд, зеро ояндаи мо дар дасти мост.

Сил чӣ гуна беморист?

Тавре дар суҳбат бо мо директори Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Рустам Норов иброз дошт, сил бемории сироятӣ буда, барангезандаи он чӯбчамикроби сил мебошад. Ба бемории сил тамоми узвҳои инсон гирифтор шуда метавонанд, аммо он дар 80-85 фоизи ҳолатҳо дар шуш хуруҷ мекунад. Ин беморӣ аз шахси бемор ба шахси солим ба таври ҳавоӣ (сулфа, атса, сухангӯӣ) мегузарад.

Ба гуфти мавсуф, бемории сил табобатшаванда аст, ба шарте, ки бемор табобати дурусту саривақтиро пурра бигирад (ин муддат на камтар аз 6-8 моҳро ташкил медиҳад). Мавҷуд набудани табобати дурусти саривақтӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ҳатто марг шавад.

Баъзеҳо аз шароити рӯзгори худ андешида, (яъне барои муолиҷа маблағи кофӣ надоранд), ба табибон муроҷиат наменамоянд. Вале онҳо бояд донанд, ки мувофиқи Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил табобат бо доруҳои зиддисилӣ ройгон гузаронида мешавад. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии бемории сил- ин муроҷиати саривақтии беморони гирифтори сил ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ва табобати саривақтии онҳо мебошад. Бори дигар таъкид месозам, ки пешгирии беморӣ аз муолиҷаи он осонтар аст.

Нишонаҳои бемории сил чӣ гунаанд?

«Нишонаҳои ин беморӣ сулфаи зиёда аз ду ҳафта, камқувватӣ, бемадорӣ, харобшавӣ, баландшавии ҳарорат, арақкунии шабона, камшавии иштиҳо, хунтуфкунӣ ва баъзан вақт дарди қафаси сина мебошанд»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Давоми як сол инсони гирифтори ин беморӣ метавонад то 10-15 нафарро, ки бо вай дар алоқаи зич қарор мегиранд, сироят намояд. Дар сурати дар худ ва ё наздикон пайдо шудани чунин нишонаҳо бояд ба табиби оилавӣ муроҷиат намуда, барои ташхиси микроскопӣ 3 маротиба балғам супоранд.

 Заминаҳои моддиву ташхисии беморӣ  

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ инфрасохтори соҳа пурра барқарор карда шуда, тамоми имконияти ташхисӣ ва табобати ҳама намудҳои бемории сил ба таври ройгон дастрас мебошанд.   Табобати бемории сил яке аз масоили асосии иҷтимоию тиббии ҷомеа буда, саъю кӯшиши Ҳукумати ҷумҳурӣ ба барқарор намудани назорат аз болои бемории мазкур равона карда шудааст.

Дар заминаи амалинамоии Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил ҳолати хизматрасонии зиддисилӣ барои аҳолӣ дастрас гардида, доираи он тадриҷан васеъ гардонда шуд. Хизматрасонии зиддисилӣ беҳтар гардонда шуда, бо қабули барномаҳое, ки солҳои 2002, 2009, 2014 ва 2021 амалӣ гардиданд, тамоми самтҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил фаро гирифта шуданд. Инчунин Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва дастгирии аҳолӣ имкон фароҳам овард, то вазъи эпидемиологии сил дар тамоми ҷумҳурӣ зери назорат гирифта шуда, тадбирҳои амалӣ баҳри аз байн бурдани сил дар ҷомеа андешида шаванд. Аз ҷумла, солҳои охир авҷи минбаъдаи бемории сил боздошта шуда, сатҳи беморшавӣ тадриҷан рӯ ба коҳиш дорад ва соли 2021  40,3 ба 100 ҳазор аҳолиро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2007  (85,7 ба 100 000 аҳолӣ) 45 нишондод кам гардидаст. Нишондоди фавт низ аз бемории сил нисбат ба соли 2006  7,5 ба 100 000 аҳолӣ дар соли 2021 зиёда аз 5 баробар (1,3 ба 100 000 аҳолӣ) кам гардидааст.

Дар ҷумҳурӣ имконияти ташхиси саривақтии тамоми намудҳои сил (сили тамоми узвҳо ва тамоми намудҳои устуворият ба доруҳои зиддисилӣ) фароҳам буда, ташхисҳои микроскопию нурӣ ва молекулярӣ) дар сатҳи ноҳияҳо дастрасанд. Доруҳои зиддисилии асосӣ соли панҷум аст, ки аз буҷаи ҷумҳурӣ мувофиқи талабот харидорӣ мешаванд. Доруҳои зиддисилӣ барои табобати сили ба доруҳои асосӣ устувор аз ҳисоби гранти бадастовардаи ҷумҳурӣ  харидорӣ карда мешаванд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ «Барномаи нави миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумхурии Точикистон барои солҳои 2021 – 2025» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  27 феврали соли 2021 тасдиқ гардида, амалӣ гашта истодааст. Мақсади  асосии он кам кардани таъсири манфии мушкилоти сил ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба воситаи таъмини дастрасии умумӣ ба ташхису табобати саривақтию босифати ҳама намудҳои бемории сил, аз ҷумла сили ниҳонӣ мебошад, ки дар маҷмўъ сатҳи сироятёбӣ ва фавтро кам карда, ривоҷи устуворият ба доруҳоро пешгирӣ мекунад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз муаллиф ва манбаъҳои боз

Март 24, 2022 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаи «Тоҷиксуғурта» ба 588 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Рашт кумаки молиявӣ расонид
Беш аз 5 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ машғулияти касбомӯзиро хатм намуданд
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКРОНӢ. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба самти инноватсионии рақамӣ мегузарад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо кам карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 23 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 56 корхонаи тобеи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ системаи биллингӣ амал менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон риоя нашудани қонуни танзим 255 ҳолат камтар сабт гардидааст
Дар Душанбе ҳамоиши ҳизбиён бахшида ба қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ баргузор шуд
Маркази миллии қонунгузорӣ 41 санади меъёрӣ-ҳуқуқиро аз экспертиза гузаронид
Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ» гузаронида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар барномаи «Оҳанги ҷавонии Роҳи Абрешим ва мулоқот дар Чин барои сулҳ» иштирок дорад