Сафири Тоҷикистон дар Русия ва Роҳбари Бошқирдистон оид ба ҳамкории байниминтақавӣ табодули афкор намуданд
ДУШАНБЕ, 07.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Ҷумҳурии Бошқирдистон (Русия) 3 март сафари корӣ анҷом дода, ба Роҳбари Бошқирдистон Радий Хабиров мулоқот кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо табодули афкор намуданд. Аз ҷумла, зарурати густариши ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, бахши агросаноатӣ, ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, маориф ва илм, аз он ҷумла омода намудани мутахассисони баландихтисос ва татбиқи лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ таъкид карда шуд.
Ҳамчунин Сафири Тоҷикистон бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон Тимур Ҳакимов мулоқот анҷом дод. Зимни суҳбат масоили муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ташкили форуми тиҷорӣ муҳокима гардид.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аҳаммияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ ва афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистонро муҳим арзёбӣ кард.
Дар рафти вохӯрӣ доираҳои тиҷоратии минтақа, ки ҳавасманди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳастанд, ширкат варзиданд.
АКСҲО: ВКХ ҶТ









Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд






