Ҷаласаҳои шӯроҳои сарони ҳукуматҳо ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ моҳи май баргузор мешаванд

Март 31, 2022 13:11

ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар» /. Моҳи май ҷаласаҳои шӯроҳои сарони ҳукуматҳо ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ баргузор мегарданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд, дар ин бора дирӯз, 30 март дар шаҳри Минск дар ҷаласаи якҷоя Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод ва комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ хабар дод шуд.

Дар ҷаласа, ки тариқи видеоконфронс баргузор шуд, раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ва муовинони ӯ ширкат намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа ҳафт масъаларо муҳокима карданд. Яке аз масъалаҳои асосӣ — ин тартиб додани лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд.

Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо 20 май тавассути видеоконфронс баргузор мешавад. Ба баррасии сарони ҳукуматҳо 10 масъала пешниҳод шудааст. Миёни онҳо табодули афкор оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар кишварҳои Иттиҳод, Нақшаи тадбирҳои афзалиятноки татбиқи Стратегияи амнияти иттилоотӣ барои давраи то соли 2030, Консепсияи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди минбаъдаи токпарварӣ ва шаробсозӣ ҳастанд.

Ҳамчунин дар назар аст, ки сарони ҳукуматҳо дар мавриди Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ якчанд қарори кадрӣ қабул намоянд.

Намояндагони доимӣ ва аъзои комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ҷараёни омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ-ро таҳлил намуданд. Қарор аст ин ҷаласа 13 май дар Душанбе баргузор шавад.

Лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ҳафт  масъаларо дар бар мегирад. Аз ҷумла, татбиқи Нақшаи машваратҳои бисёрсатҳӣ миёни ВКХ дар доираи Иттиҳод ва Барномаи амал оид ба фаъол гардонидани ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва таъсиси ташкилоти асосии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи сайёҳӣ.

АКС: Хадамоти матбуоти КИ ИДМ

Март 31, 2022 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид