«БЕҲТАРИН ДОНИШҶӮИ ИДМ». Низомиддин Сафаров дар озмуни байналмилалӣ бо дипломи дараҷаи I ва медал сарфароз гардонида шуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Сафаров сазовори дипломи дараҷаи I ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ» гардид.
Тавре дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Низомидддин Сафаров дар лоиҳаи «IV нашриёти байналмилалии китоби «Беҳтарин донишҷӯ», ки миёни муассисаҳои илмӣ-таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида ба 30-солагии Иттиҳод амалӣ шуд, иштирок намуда, бо дипломи дараҷаи I ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ» сарфароз гардид.
Озмуни мазкур аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон» ва Иттиҳоди шахсони ҳуқуқӣ дар шакли Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумимиллии Бобек» миёни омӯзгорон ва олимони ҷавони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифт.
Ёдрас мешавем, ки аввали соли равон омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Имомназарова низ дар Озмуни байналмилалии «Беҳтарин педагог-2021» бо дипломи дараҷаи III ва медали сарисинагии «Беҳтарин педагог-2021» сарфароз гардида буд.
АКСҲО: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ









Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд






