Дар ҷануби Чин ҳавопаймои мусофирбари Boeing 737 суқут кард

Март 22, 2022 12:48

ДУШАНБЕ, 22.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 21 март дар ҷануби Чин ҳавопаймои мусофирбари Boeing 737 суқут кард. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора Телевизиони марказии Ҷумҳурии Мардумии Чин гузориш дод.

Ҳавопаймои мусофирбари Boeing 737-и ширкати China Eastern Airlines, ки ҳомили 133 нафар буд, дар ноҳияи Тенги ҳавзаи шаҳрии Вучжоуи вилояти мухтори Гуанси-Чжуани Чин суқут кард.

Оташфишонон ба маҳалли суқути ҳавопаймо пиёда рафтанд, зеро ба он ҷо техника расида наметавонад. Дар бораи қурбоиён ва захмиён маълумот дастрас набуда, амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҷои суқут сӯхтори ҷангал сар задааст.

Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин дарҳол пас аз таъйид ба амалиёти густурдаи наҷотдиҳӣ дастур дод. Си Ҷинпин супориш дод, ки вокуниши фаврӣ ба ин ҳодиса, талошҳои ҳамаҷонибаи ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ва рафъи дурусти паёмадҳо анҷом дода шавад. Ӯ инчунин дастур дод, ки барои муайян кардани сабабҳои ин ҳодиса ва пурзӯр намудани назорати санҷишҳо ҷиҳати таъмини амнияти мутлақи соҳаи авиатсия ва ҳаёти одамон чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

Ба иттилои портали Flightradar-24, ҳавопаймо соати 13:15 ба вақти маҳаллӣ аз Кунмин парвоз кард. Тақрибан соати 14.20 (11.20 ба вақти Душанбе) дар минтақаи Учжоу ҳавопаймо ногаҳон суъатро суст намуда, паст шуд ва пас аз он аз экранҳои радарҳо нопадид гардид.

Ҳавопаймо эҳтимол бар асари аз кор мондани муҳаррик суқут карда бошад.

Телевизиони марказии Чин бо истинод ба наҷотдиҳандагон хабар медиҳад, ки то ҳол наҷотёфтагон, ҷасади мусофирон ва аъзои ҳайати сарнишинони Boeing 737-ро, ки дар ҷануби Чин суқут намуд, пайдо накардаанд.

«То имрӯз, ба гуфтаи наҷотдиҳандагон, пораҳои ҳавопаймои суқуткарда дар ҷойи ҳодиса дарёфт шудаанд, аммо то ҳол нафарони гумшуда пайдо нагардидаанд», — хабар медиҳад шабакаи телевизионӣ соати 9:50 (6:50 ба вақти Душанбе), менависад РИА Новости.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Март 22, 2022 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид