Дар қароргоҳи ЮНЕСКО иди байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд

Март 19, 2022 08:27

ДУШАНБЕ, 19.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17 март бо ибтикори намояндагиҳои доимии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон) дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж ба муносибати Рӯзи байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.  

Дар чорабинӣ Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле иштирок ва суханронӣ намуда, кулли кишварҳои таҷлилкунандаи Наврӯзро самимона табрику таҳният гуфт.

Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ва Намояндагии доимии кишвар дар ЮНЕСКО мизи миллиро бо таомҳои тоҷикӣ ороста, бо мақсади муаррифии бештари кишвар маводу аксҳои таблиғотиро оид ба Тоҷикистон ба маъраз гузоштанд.

Дар чорабинии мазкур масъулони  вазорату идораҳои Фаронса, сафирони дар назди Созмон аккредитатсияшуда, намояндагони котибот ва сохторҳои мухталифи ЮНЕСКО ва намояндагони дигар ташкилоти байналмилалии муқими Фаронса, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар фарҷом барои меҳмонон барномаи фарҳангӣ бо таронаву рақсҳои миллӣ пешкаш гардид.


Ёдовар мешавем, ки 14 октябри соли 2021 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ин чорабинӣ, ки ба 75 — умин солгарди таъсиси ЮНЕСКО рост омад, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ва шумораи зиёди намояндагони кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ширкат варзиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбарияти ЮНЕСКО ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи фарҳанг ва намоиши ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоди он оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) исботи ин гуфтаҳост.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба таърихи оламшумули тоҷикон, ойину суннатҳои миллӣ, маданияти китобдорӣ, пешбурди илму фарҳанг ва хизматҳои шоистаи фарзандони баруманди халқи тоҷик дар рушду пешрафти тамаддуни умумибашарӣ андешаронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдгории табиии “Боғи миллии Тоҷикистон”, шаҳри бостонии Саразм, мусиқии миллии “Шашмақом”, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, таоми миллии “Оши палов” ва “Чакан, санъати зардӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро намунаҳои барҷастае аз мероси ғании фарҳангиву таърихии халқи тоҷик номиданд, ки аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шуда, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии башарият ворид гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНЕСКО таҷлили ҷашну санаҳои муҳими таърихиву фарҳангӣ, гиромидошти симоҳои барҷастаи илму адаби тоҷик, арҷгузорӣ ба солгарди мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва дигар тадбирҳо амалӣ гардидаанд.

Таҷлили ҷашнҳои 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии маданияти Ҳисор, 1100-солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон — Сомониён, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва 5500-солагии Саразми бостонӣ намунаи равшани ҳамкорӣ бо созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО номида шуд.

 

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Март 19, 2022 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ гардид
Таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
Тақвияти ҳамкории байниминтақавӣ байни Тоҷикистон ва вилояти Малатияи Туркия баррасӣ шуд
Байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Доминика низоми бераводид эътибор пайдо намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири маорифи Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Президенти Муғулистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад
Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Дар Тянҷин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодии араб мулоқот намуд
Дар Давҳа машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қатар баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд