Дар Берлин бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил карданд

Март 28, 2022 14:22

ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 март дар шаҳри Берлин бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос ва дар фазои мутантан гузаронида шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад.

Дар барномаи ҷашнӣ ҳамватанони муқими Олмон, доираҳои илму фарҳанг, намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, кормандони воситаҳои ахбори омма, меҳмонони фахрӣ ва дӯстони Тоҷикистон ширкат доштанд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов изҳор дошт, ки Наврӯз таҷассуми чеҳраи инсонӣ, хираду фазилат, одобу маърифат, илму адабу дониш ва ҳама хуҷастагиҳои дигари халқи тоҷик мебошад.

Барномаи рангини консертӣ бо иштироки Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Хол дар хотири меҳмонон таассуроти дилнишин боқӣ гузошт.

Баъд аз анҷоми қисмати фарҳангӣ барои меҳмонон дастархони наврӯзӣ бо анвои гуногуни хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ороста шуд.

АКСҲО: Сафорати ҶТ дар ҶФО

Март 28, 2022 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид