Дар боғи Аброҷ ул-Кувайт ҷашни пуршукӯҳи Наврӯзи Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дуайени ҳайати дипломатии муқими Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода 19 март дар боғи Аброҷ ул-Кувайт ҷашни пуршукӯҳи Наврӯзи Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.
Дар ин ҷашни бошукӯҳ рақсу мусиқӣ, анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, суфраи наврӯзӣ ва дастовардҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури тамошобинон ба намоиш гузошта шуд.
Маросими ифтитоҳи ҷашни Наврӯз бо иштироки муовини вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат оид ба умури иқтисодӣ Сомӣ Абдулазиз ал-Ҳамад, Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт Исо Муҳаммад ал-Ансорӣ ва сарпарасти корпуси дипломатӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода доир шуд.
Аз намоишгоҳи наврӯзии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои иштирокчӣ зиёда аз се ҳазор сокинону меҳмонон дидан намуданд.
АКСҲО: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт









Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд






