Дар деҳаи Балхобии ноҳияи Муъминобод муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №38 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 март дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар деҳаи Балхобии ноҳияи Муъминобод муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №38 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Дар маросими ифтитоҳи муассисаи мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, намояндаи барномаи СММ дар Тоҷикистон, намояндагони ВАО ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Лутфия Шарифзода аз таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ёдоварӣ карда, тазаккур дод, ки бо саҳми шарикони рушд имрӯз дар Муъминобод як мактаби дигар мавриди ифтитоҳ қарор гирифт.
Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ иброз дошт, ки ин ҳама дастовардҳо, пеш аз ҳама, аз сулҳу субот ва сиёсати пешгирифтаи ватанпарваронаю ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
«Дар вилояти Хатон тантанаҳои Наврӯзӣ идома доранд ва чанд рӯз пеш бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон якчанд корхонаҳои саноатӣ ва мактабу дигар коргоҳҳо мавриди истифода қарор дода шуданд, ки мову шумо шоҳиди он будем», — гуфт ӯ.
Сафири Ҷопон ва намояндаи СММ низ оид ба барномаи худ дар роҳандозӣ ва кумак дар соҳаи маориф ибрози назар намуда, илова карданд, ки минбаъд низ дар доираи ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро дар татбиқи лоиҳаҳо дар самти рушди маориф ва дигар паҳлуҳо идома медиҳанд.
Тибқи маълумот, бинои пешинаи муассисаи мазкур, ки соли 1985 сохта шуда буд, дар ҳолати садамавӣ ва дар роҳи сойи селгузар ҷойгир буд. Бо пешниҳоди лоиҳа аз тарафи ҳукумати ноҳия ба Сафорати Ҷопон сохтмони он аз соли 2021 шурӯъ шуда, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар муассисаи мазкур айни ҳол 63 нафар хонандагон таҳсил мекунанд ва он барои 144 ҷойи нишаст дар як басти таҳсил сохта шудааст.
Дар назар аст, ки соли ояндаи таҳсил он ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шавад.
Дар доираи маросими ифтитоҳи муассисаи мазкур меҳмонон ҳамчунин аз дастовезу ҳунарҳои мардумии бонувони Ҷамоати деҳоти Балхобӣ дидан намуданд.
Аз тарафи шуъбаи фарҳанги ҷамоат барномаи консертӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






