Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои миллии рушди маориф баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Шӯро Матлубахон Сатториён ҷаласаи Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои Шӯро-намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони як қатор вазорату кумитаҳо, академияҳо, раисони шӯроҳои ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт хабар дод, дар ҷаласа вобаста ба натиҷаи ташхиси иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар соли 2021 гузориши муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсанд Содиқзода шунида шуд.
Аз ҷумла, зикр гардид, ки Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар назорати низоми соҳаи маориф тибқи Низомнома фаъолияти худро ба амалӣ намудани сиёсати ягонаи назорати давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм равона менамояд.
«Айни ҳол, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 79 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) тибқи иҷозатномаи Агентӣ фаъолият менамоянд. Дар соли 2021 Агентӣ аттестатсияи 13 муассисаи таҳсилоти умумиро гузаронида, ба онҳо иҷозатнома ҷиҳати ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ додаст»,- изҳор дошт Хурсанд Содиқзода.
Инчунин, дар давоми соли 2021 масъулини Агентӣ 879 аттестатсия (муассиса ва марказҳои таълимӣ), 379 аккредитатсия, 25 азнавбарасмиятдарорӣ ва 44 ташхиси иҷозатномадиҳии муассисаҳои таҳсилоти умумиро ба анҷом расониданд.
Тазаккур дода шуд, ки Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисгон то 10 марти соли 2022 барои муайян намудани сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунии хонандагону донишҷӯён тибқи нақша, дар маҷмӯъ, 220 муассисаи таълимиро аз санҷиши сатҳи сифати таҳсилот ва аттестатсияи давлатӣ гузаронид, ки аз ин теъдод 202 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 муассисаи таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта (литсей, гимназия), 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 3 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Натиҷаи санҷишҳо маълум намуд, ки дар муқоиса ба 3 моҳи аввали соли 2021 тағйироти мусбӣ мушоҳида карда мешавад.
Таъкид гардид, ки Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025»-ро, ки яке аз омилҳои асосии болоравии сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад, мавриди санҷиш қарор додааст.
Зимни баррасии масъалаҳо як қатор иштирокдорони ҷаласа ба музокира баромада, фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро иброз доштанд.
Дар охир раиси ҷаласа вобаста ба татбиқи саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040, таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони ихтисосманд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, тибқи меъёрҳои муайяншуда ба талабот ҷавобгӯ намудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ, ҷоннок намудани фаъолияти шӯро ва иттиҳодияҳои методии фаннӣ, бартараф намудани норасоии китобҳои дарсӣ, истифодаи самараноки технологияи муосир ва пайваст намудани компютерҳои муассисаҳои таълимӣ ба Интернет, таҷдиди назар намудани меъёрҳои баҳодиҳӣ, иҷрои бечунучарои Стратегияи миллии рушди маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, роҳ надодан ба санҷишҳои беасосу ғайринақшавӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКСҲО: Вазорати маориф ва илми ҶТ








Дар шаҳри Душанбе масъалаи воридсозии зеҳни сунъӣ ба таҳсилоти умумӣ баррасӣ шуд
ХОНАНДАИ СОЛ. Мадина Саидализода ғолиби даври ҷумҳуриявии озмун гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Машварати байналмилалии «Забони чинӣ + малакаҳои касбӣ» иштирок намуданд
Дар ноҳияи Муъминобод фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бештар мегардад
Дар Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин оғоз намуд
Рушди илму маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ дорад
Байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва IREX Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ММТ: «Дар 22 шаҳру ноҳия барои омода намудани кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонӣ машварат доир мешавад»
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешсаф дар нашрияи байналмилалии «Asia Education Review» муаррифӣ гардид
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд






