Дар Душанбе бо иштироки бонувони собиқадори соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4 март дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо ташаббуси Сарраёсати маориф ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маориф хабар медиҳад.
Ҳамоиши мазкур бо иштироки бонувони собиқадори соҳаи маорифи шаҳри Душанбе баргузор гардид. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода бонувони собиқадори соҳаи маорифи пойтахтро, ки дар таълиму тарбияи насли наврас солҳои тӯлонӣ заҳмат кашида, баҳри пешбурди кори соҳа дар шаҳри Душанбе саҳми беназир гузоштаанд, бо фарорасии фасли баҳор ва Рӯзи Модар шодбош гуфт.
Сипас, аз ҷониби муовини Раиси шаҳр Дилбар Одилзода ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ба бонувони собиқадори соҳаи маориф туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.
Дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби таълимгирандагони ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»-и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» барномаи идонаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
АКСҲО: Сарраёсати маорифи ш. Душанбе











Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






