Дар Душанбе оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва имконияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон брифинг доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 март дар Вазорати корҳои хориҷӣ дар бораи дастовардҳои иқтисодӣ дар соли 2021 ва имконияти сармоягузории Тоҷикистон брифинг баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар брифинг роҳбарони намояндагии дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти соҳавии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода зимни сухани ифтитоҳӣ дар брифинг ҳадафи он, нақши Вазорат дар ин самт, ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, имконияти сармоягузорӣ, тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати кишвар, раванди ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, рушди устувор, нақлиёти байналмилалӣ ва транзитӣ, сайёҳӣ, ташаббусҳои кишвар дар мавзӯи об, ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва тағйироти соҳавӣ, аз ҷумла сабукиҳои нави андозӣ, инчунин нақшаҳо ва ҳадафҳои ояндаи кишвар дар соҳаҳои авлавиятноки ҳамкории иқтисодии хориҷиро муаррифӣ намуд.
Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи рӯзномаи брифинг дар бораи дастовардҳои нишондиҳандаҳои асосии вазъи сармоягузорӣ раванди татбиқи барномаҳои давлатию соҳавӣ дар робита ба Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 ва қабули Кодекси нави андоз дар таҳрири нав, имконияти ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди назар изҳори назар намуданд.
Диққати махсус ба муаррифии соҳаи сайёҳӣ ва қабули қарори нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷорӣ шудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ аз 1 январи 2022 ба Тоҷикистон низ дода шуд, ки сол то сол мавриди рушди ҳаматарафа қарор гирифта, диққати бештари сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба кишвар ҷалб кардааст.
Дар фарҷоми брифинг ба саволҳои намояндагони дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма посух гуфта шуд.
АКСҲО: ВКХ ҶТ








Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






