Дар Душанбе тавсеаи ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо Барномаи USAID баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Барномаи USAID оид ба савдо дар Осиёи Марказӣ дар мулоқоти муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Турсунзода бо роҳбари Департамент оид ба рушди иқтисоди USAID дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Уиллиям Хол дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Мусоҳибон ҳамзамон доир ба дурнамои Барномаи USAID оид ба савдо дар Осиёи Марказӣ, ки муддати панҷ соли оянда фаъолият хоҳад кард, шинос шуданд.
Азим Турсунзода зикр намуд, ки бо дарназардошти ҳолати имрӯзаи кишвари ҳамҷавор бо Тоҷикистон ва ҳадафу мақсадҳои барномаи мазкур моро зарур аст дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд сарҳади тӯлонии кишварамонро бо таҷҳизоту лавозимоти муосир ва ҳайати шахсиро бо доир намудани семинару тренингҳои омӯзишӣ бо таҷрибаи пешқадам оид ба пешгирӣ аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, ки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хавф эҷод менамояд, таъмин намоем.
Хадамоти гумрук миёни дигар мақомот дар рақамикунонии пешбурди фаъолияти гумрукӣ мавқеи намоён дошта, минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои расидан ба ҳадафҳое, ки дар Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 иъикос гардидаанд, тадбирҳои зарурӣ меандешад.


Бояд тазаккур дод, ки Барномаи USAID оид ба савдо дар Осиёи Марказӣ дар кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон амалӣ хоҳад гардид. Кӯшишҳо оид ба рушди тиҷорат дар доираи барномаи нав ба таҷрибаи деринаи USAID дар мусоидат ба савдои минтақавӣ, рушди соҳибкорӣ ва робитаи минтақавӣ такя хоҳанд кард.
Ҳадафи барнома ба беҳтар намудани ҳамкории тиҷоратӣ дар минтақа барои мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва имконияти иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ ва назорати сарҳадӣ, таҳкими ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва бахши хусусӣ дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ, рушди ботадриҷи ҳамкории байнисарҳадии тиҷорат миёни кишварҳо ва инчунин масъалаҳои гендерӣ дар савдо нигаронида шудааст.
Мусоҳибон инчунин оид ба дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ табодули назар намуданд.
АКСҲО: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






