Дар Исломобод масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баррасӣ шуданд

Март 22, 2022 13:17

ДУШАНБЕ, 22.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар пойтахти  Покистон – шаҳри Исломобод Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбоев мулоқот анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд тазаккур дод, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷиҳати иштирок дар нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар шаҳри Исломобод қарор дорад.

 

АКС: ВКХ ҶТ

Март 22, 2022 13:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд