Дар Исломобод мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 март дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангиро баррасӣ намуданд. Ҳамсӯҳбатон роҷеъ ба вазъи кунунии амниятӣ дар минтақа ва роҳандозии ҳамкориҳои муштараки судманд ҷиҳати мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир табодули ақида карданд.
Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин барои иштирок дар нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) дар Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доданд.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






