Дар Минск ба дипломатҳои ИДМ оид ба конфронси байналмилалии сатҳи баланди Душанбе иттилоъ дода шуд

Март 31, 2022 13:16

ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мекунад, ки 6-9 июни соли равон дар шаҳри Душанбе доир мешавад. Дар ин бора дирӯз, 30 март дар Минск Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод дар ҷаласаи муштараки Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои узви Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар органҳои мақомоти Иттиҳод ва комиссияҳо оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон дар мавзӯи «Ҳавасмандгардонии амалҳои об ва шарикӣ дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор мешавад.

Маҳмадшариф Ҳақдод иброз намуд, ки конфронс  бахше аз «Раванди оби Душанбе» ба шумор меравад, имконияти саривақтӣ ва арзишманд фароҳам оварда, минбари дастгирии амал, тавсеаи шарикӣ, роҳандозии муколамаи сиёсӣ, баррасии рафти татбиқи Барномаи Даҳсола, инчунин инкишоф додани робита бо дигар равандҳои дахлдор маҳсуб мешавад.

«Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи об боз як макон барои муайян ва муттаҳидсозии иттилооти зарурӣ оид ба об гардида, дар омодасозии Конфронси СММ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи миёнамуҳлат вобаста ба татбиқи Ҳадафҳои байналмилалии Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки соли 2023 дар Ню Йорк баргузор мешавад, мусоидат намуда, ҳамчунин  маълумоти навшудаи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устуворро пешниҳод менамояд»,-баён намуд, дипломатии тоҷик.

АКС: Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроия ИДМ

Март 31, 2022 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд