Дар Найробӣ ба ташаббуси Президенти Тоҷикистон дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид

Март 3, 2022 09:12

ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо роҳбари Бюрои минтақавии Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар Аврупо Бруно Потсӣ ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқоти Баҳодур Шерализода ва Бруно Потсӣ дар шаҳри Найробӣ — пойтахти Кения дар ҳошияи иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи Барномаи муҳити зисти СММ доир гардид.

Баҳодур Шерализода ба намояндагони Барномаи муҳити зисти СММ оид ба татбиқи барномаи ҷорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла саҳми Тоҷикистон дар кам кардани партови карбон ба атмосфера, бо ин мақсад шинонидани беш аз 9 миллион дарахт дар 5 соли охир дар кишвар, инчунин бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар бобати аз 2,8 фоизи тамоми ҳудуди мамлакат дар соли 1991 то ба 22 фоизи худуди ҷумҳурӣ дар соли 2020 зиёд намудани ҳудуди минтақаҳои табиии муҳофизашаванда маълумот дод.

Бруно Потсӣ зикр намуд, ки  Тоҷикистон яке аз шарикони фаъол дар минтақа буда, ташаббускори Барномаи нав дар соҳаи молия ва технология мебошад. Ҳамчунин Бруно Потсӣ иброз намуд, ки суханронии намояндаи Тоҷикистон дар бахши сатҳи баланд ба унвони Ассамблея сазовори таваҷҷуҳи хосса аст ва Бюрои Ассамблея ташаббусҳои пешниҳоднамудаи Тоҷикистонро ба инобат мегирад.

Дар анҷом Баҳодур Шерализода Бруно Потсиро дар доираи чорабиниҳои минтақавӣ дар соли 2022 барои боздид аз Тоҷикистон даъват намуд.

 

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

 

Март 3, 2022 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд