Дар Осорхона таҳти унвонҳои «Ҷашни Наврӯз дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиш ва «Наврӯз – суннати мондагори ваҳдат аст» ҳамоиши илмӣ доир шуд

Март 16, 2022 10:21

ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз 15 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷашни Наврӯз дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиш доир гардид. Ҳамзамон бо ташаббуси  Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ, Вазорати фарҳанги мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ХҲДТ ва Шӯрои куҳансолони Тоҷикистон таҳти унвони  «Наврӯз – суннати мондагори ваҳдат аст» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ Ҳамоиши мазкур баргузор шуд.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии  Осорхонаи миллии Тоҷикистон  Фаридун Кенҷаев ба АМИТ  «Ховар» хабар дод, иштирокчиён нахуст аз намоиши омоданамудаи Осорхонаи миллӣ дар мавзӯи «Ҷашни Наврӯз дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дидан намуданд, ки дар он 23 адад асарҳои беҳтарин рассомони машҳури мамлакат,  2 лавҳаи кандакорӣ ва 6 лавҳаи наққошӣ, ки дар онҳо манзараҳои баҳору ҷашни Наврӯз инъикос ёфтаанд, гирдоварӣ шудаанд.

Пас аз ифтитоҳ ва боздид аз намоиши ҷашнӣ таҳти унвони «Наврӯз – суннати мондагори ваҳдат аст» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ оғоз гардид, ки дар он олимону муҳаққиқон ва намояндагони касбу кори гуногун дар мавзӯъҳои «Наврӯз – оини ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ», «Пешвои миллат – эҳёгари дубораи арзишҳои наврӯзӣ», «Наврӯз – мероси бебаҳои мост», «Ҷашни Наврӯз ва фарҳанги наврӯзӣ» ва «Ҷилваи наврӯз дар даврони Истиқлол» маърӯза намуданд.

Нотиқон, аз ҷумла зикр карданд, ки Наврӯз аз зумраи идҳое мебошад, ки онро мардуми тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамояд. Наврӯзро соли нави мардуми ориёитабор маънидод намуда, ҳар сол бо муҳаббату самимият пешвоз мегиранд. Чуноне аз номи он бармеояд, Наврӯз маънии «рӯзи нав»-ро дошта, дар ибтидои соли нави хуршедӣ таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанину зиндашавии табиат, оғози кишту кор ва айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад.


Ёдоварӣ шуд, ки бо ибтикор ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

Тибқи маълумоти расмӣ, Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Масалан, дар Афғонистон 21 март, Эрон аз 20 то 23 март, Озарбойҷон аз 20 то 26 март, Қазоқистон аз 21 то 24 март, Туркманистон аз 20 то 23 март, Қирғизистон ва Ӯзбекистон 21 март; Албания (Рӯзи Баҳор) аз 20 то 23 март ва дар Косово 21 март рӯзҳои истироҳат маҳсуб мешаванд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола   ҷашни байналмилалии Наврӯз наздики як  ҳафта  таҷлил мегардад.

 

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 16, 2022 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд