Дар Покистон бар асари таркиш дар масҷид тақрибан 50 нафар кушта шуданд

Март 5, 2022 10:46

ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон – шаҳри Пешовар бар асари таркиш дар масҷид тақрибан 50 нафар кушта ва беш аз 50 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора 4 март рӯзномаи «Dawn» бо истинод ба полис хабар дод.

Ба иттилои нашрия, ду маргталаби мусаллаҳ кӯшиш кардаанл, ки вақти намози ҷумъа вориди масҷид шаванд. Онҳо ба тарафи полис, ки даромадгоҳи биноро посбонӣ мекард, оташ кушодаанд. Зимни задухӯрд ба яке аз ифротгароён муяссар гардидааст, ки вориди масҷид шавад ва маводи таркандаро ба кор андозад. Дар натиҷаи таркиш 30 нафар кушта ва 50 тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳамаи захмиён дар беморхона бистарӣ гардида, вазъи даҳ нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Кормандони полис ва хадамоти амниятӣ дар ҷои ҳодиса кор бурда истодаанд.

 

АКС: манбаъҳои боз

Март 5, 2022 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид