Дар Сенегал аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат то муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо баррасӣ гардиданд

Март 24, 2022 10:19

ДУШАНБЕ, 24.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 март дар Сенегал ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва узвияти муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо Вазири захираҳои об ва обёрии Ҷумҳурии Арабии Миср Муҳаммад Абделатӣ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Миёни ҷонибҳо доир ба натиҷаи сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср 9-12 марти соли равон, масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, инчунин ҷанбаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Душанбе, 6-9 июни 2022), иҷлоси 27-ми Конференсияи ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP27, 7-18 ноябри 2022, шаҳри Шарм-уш-Шайх) ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҳамчунин 21 март ҳайати Тоҷикистон бо вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Ироқ Маҳдӣ Рашид ал Ҳамдонӣ вохӯрӣ анҷом дод.

Ҷонибҳо масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, аз ҷумла татбиқи ҳамкории муштарак миёни мақомоти соҳавии ду кишвар дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ карданд.


Маҳдӣ Рашид ал Ҳамдонӣ омодагии кишварашро ҷиҳати роҳандозии ҳамкории судманд дар раванди омодагӣ ба баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти 2023) изҳор кард.

Ҳайати Тоҷикистон бо вазири таҳкими муҳити зисти Ҷумҳурии Фаронса хонум Барбара Помпилӣ низ мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба натиҷаҳои сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса (14 ноябри соли 2021), татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда миёни роҳбарони олии ду кишвар зимни он, инчунин густариши ҳамкории муштарак дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.


Ҷонибҳо ҳамчунин имконияти роҳандозии ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар чаҳорчӯби ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистону Фаронса ва Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” зикр намуда, дар ин росто нақши Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об, ки 22-24 марти 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор мегардад, муҳим арзёбӣ карданд.

21 март инчунин мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Ҳиндустон Гаҷендра Сингҳ Шехават баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар заминаҳои гуногуни соҳавӣ баррасӣ шуда, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.


Ҳадафу нақши Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (Душанбе, 6-9 июни соли 2022) дар баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об муҳим арзёбӣ гардид.

Худи ҳамон рӯз ҳайати Тоҷикистон бо муовини роҳбари Агентии рушд ва ҳамкории Швейтсария Кристиан Фрутигер мулоқот намуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария ва дурнамои он баррасӣ карда шуданд.


Ҳамчунин роҳандозии кӯшишҳои Тоҷикистон дар давраи ду даҳсолаи охир ба мақсади пешбурди масъалаҳои об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд таъкид шуда, аҳаммияти ҳадафу нақши Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 ҳамчун чорабинии муҳимми ҷаҳонии тадорукотӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои ин Даҳсола дар соли 2023 (Ню-Йорк) муҳим арзёбӣ гардид.

22 март ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа ва узвияти муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо Вазири корҳои ҷамъиятӣ ва манзили Ҷумҳурии Индонезия Басуки Хадимулҷоно вохӯрӣ анҷом дод.

Дар мулоқот атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Индонезия, инчунин ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.


Басуки Хадимулҷоно барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии Душанбе таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни 2022 ва Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои ин Даҳсола дар соли 2023 (Ню-Йорк) даъват гардид.

Ҳамон рӯз Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода ва роҳбари Котиботи Конфронси дуюми оби Душанбе Султон Раҳимзода бо Президенти Шӯрои ҷаҳонии об Луик Фошон мулоқот намуданд. Дар он ноиби Президенти Шӯрои ҷаҳонии об хонум Асма эл Касмӣ низ иштирок кард.

Дар вохӯрӣ аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим дар амалӣ намудани Рӯзномаи 2030 таъкид шуда, пешбурди Раванди оби Душанбе дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” идомаи фаъоли Тоҷикистон дар пайдо кардани роҳҳои самарабахши ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ дониста шуд.


Дар ин росто саҳми намояндаи Шӯрои ҷаҳонии об ҳамчун аъзои Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ҷиҳати пешбурди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қайд гардида, доир ба имконияти татбиқи ҳамкориҳои муштарак дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (Душанбе, 6-9 июни 2022) табодули андеша сурат гирифт.

Луик Фошон иштироки худро дар Конфронси дуюми оби Душанбе тасдиқ намуда, омодагии Шӯрои ҷаҳонии обро ҷиҳати ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар робита ба масоили мавриди таваҷҷуҳ ва дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” иброз кард.

Ҳамчунин имконияти танзими нишастҳои муштараки баъдӣ дар чаҳорчӯби чорабиниҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима шуд.

22 март вохӯрии ҳайати Тоҷикистон бо Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Ҳамроев баргузор гардид.


Ҷонибҳо роҷеъ ба ҷанбаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар ростои татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои ҳосилшуда миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мубодилаи афкори судманд анҷом дода, зарурати густариши он дар доираи абзорҳои ҳамкории ду кишвар, нишастҳои гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои об ва чорабиниҳои байналмилалии дарпешистодаи Тоҷикистон дар Душанбе ва Ню-Йоркро таъкид карданд.

Дар ин росто зикр шуд, ки рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди салоҳияти ду сохтор метавонад омили муҳими таъминкунадаи рушди баъдии кишварҳо гардад.

 

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Март 24, 2022 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ал-Кувайт дурнамои ҳамкории Фонди кувайтӣ бо Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад ибни Зойид Оли Наҳён эътимоднома супорид
Дар шаҳри Остона ҷаласаҳои муштараки СААД баргузор гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок намуданд
Вохӯрии гурӯҳҳои корӣ оид ба демаркатсияи cарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Малдив Cозишнома оид ба бекор кардани талаботи раводидро ба имзо расониданд
Тоҷикистон бо ЮНЕСКО масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ намуд
Дар Тошканд вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Дар Душанбе татбиқи барномаҳои башардӯстона баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб зарурати тавсеаи робитаҳои фарҳангиро таъкид намуданд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд