Дар шаҳри Ҳисор фабрикаи парандапарварӣ барои 40 ҳазор сар мурғ бунёд мешавад

Март 30, 2022 15:38

 ҲИСОР, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи «Ситора»-и Ҷамоати деҳоти «Навобод»-и шаҳри Ҳисор фабрикаи парандапарварӣ бунёд мегардад, ки дар айни замон корҳои  сохтмонии ин иншоот бо маром идома доранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, фабрикаи  парандапарварӣ мувофиқи лоиҳа дуошёна буда, дар майдони 4 гектар бунёд мешавад. Дар он 40 ҳазор сар паранда парвариш ёфта, дар оянда имконияти зиёд кардани саршумори мурғҳо дар назар аст. Ҳамчунин дар ин корхона барои 60 нафар ҷойи кори доимӣ бо тамоми шароит ва маоши хуб фароҳам оварда шуда, бештар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.

Имрӯзҳо корҳои асосӣ дар фабрика ба итмом расида, устоҳои маҳаллӣ сохтани лона барои тухмгузории мурғҳоро дар дохили фабрика ба роҳ мондаанд. Айни ҳол маъмурияти фабрика дар заминҳои холии назди фабрика барои бунёди боғи тамашк (малина) омодагӣ мегиранд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар зимни сафари корӣ ба корхона ҷиҳати шинонидани гулу буттаҳо ва дарахту ниҳолҳои ороишӣ дар роҳраву назди бинои маъмурии фабрика ба масъулин тавсияву маслиҳатҳои судманд дод.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Март 30, 2022 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид