Дар шаҳри Ҳисор фабрикаи парандапарварӣ барои 40 ҳазор сар мурғ бунёд мешавад
ҲИСОР, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи «Ситора»-и Ҷамоати деҳоти «Навобод»-и шаҳри Ҳисор фабрикаи парандапарварӣ бунёд мегардад, ки дар айни замон корҳои сохтмонии ин иншоот бо маром идома доранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, фабрикаи парандапарварӣ мувофиқи лоиҳа дуошёна буда, дар майдони 4 гектар бунёд мешавад. Дар он 40 ҳазор сар паранда парвариш ёфта, дар оянда имконияти зиёд кардани саршумори мурғҳо дар назар аст. Ҳамчунин дар ин корхона барои 60 нафар ҷойи кори доимӣ бо тамоми шароит ва маоши хуб фароҳам оварда шуда, бештар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда мешаванд.
Имрӯзҳо корҳои асосӣ дар фабрика ба итмом расида, устоҳои маҳаллӣ сохтани лона барои тухмгузории мурғҳоро дар дохили фабрика ба роҳ мондаанд. Айни ҳол маъмурияти фабрика дар заминҳои холии назди фабрика барои бунёди боғи тамашк (малина) омодагӣ мегиранд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар зимни сафари корӣ ба корхона ҷиҳати шинонидани гулу буттаҳо ва дарахту ниҳолҳои ороишӣ дар роҳраву назди бинои маъмурии фабрика ба масъулин тавсияву маслиҳатҳои судманд дод.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор









Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






