Дар Тоҷикистон баргузории ҷаласаи Шӯрои роҳбарони хадамоти пенитенсиарии* кишварҳои ИДМ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони хадамоти пенитенсиарӣ* (иҷрои ҷазо)-и кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назар аст, ки моҳи июли имсол дар Тоҷикистон дар шакли ҳузурӣ доир гардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд, дар ин бора зимни ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносон оид ба самтҳои ҷории фаъолияти Шӯрои роҳбарони муассисаҳои ислоҳии кишварҳои узви ИДМ, ки 29 март тавассути видеоконфронс дар қароргоҳи ИДМ, воқеъ дар Минск баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар ҷаласа намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Маркази зиддитеррористӣ, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намудҳои хатарноки ҷиноят дар ҳудуди кишварҳои узви ИДМ иштирок доштанд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ маълумоти намояндагони Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Федератсияи Русияро оид ба масъалаҳои таъмини иттилоотии ҷустуҷӯи байнидавлатӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия дар низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шуниданд.
Ҳамчунин аъзои гурӯҳи корӣ мавзӯи мубориза бо паҳншавии ғояҳои терроризм ва экстремизмро дар муассисаҳои ислоҳотӣ баррасӣ намуданд. Зимни баррасии ин масъала иштирокчиён ба нақши афзояндаи чораҳои мубориза бар зидди паҳншавии ғояҳои терроризму ифротгароӣ дар муассисаҳои ислоҳотӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Дар робита ба ин пешниҳод гардид, ки ин масъала соли 2022 ба баррасии Шӯрои роҳбарони хадамоти иҷрои ҷазо* пешниҳод карда шавад.
АКС: аз бойгонии АМИТ «Ховар»
__________________________
Хадамоти пенитенсиарӣ (ҷиноятӣ-иҷроӣ) аз калимаи лотинии poenitentia «пушаймонӣ» гирифта шуда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дастгоҳи маҷбуркунандаи давлатиест, ки барои иҷрои ҷазоҳои ҷиноятие, ки тибқи қонун ба шаҳрвандон таъйин карда мешаванд, масъул аст.








Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст






