Дар Тоҷикистон тадқиқоти миллӣ оид ба масунияти аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19 гузаронида мешавад

Март 10, 2022 09:40

ДУШАНБЕ, 10.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 19 март Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Пажӯҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Л.Пастери Федератсияи Русия оид ба масунияти аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19 тадқиқоти миллӣ мегузаронад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорати мазкур.

9 март дар Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Тоҷикистон дар доираи гузаронидани тадқиқоти миллӣ оид ба масунияти аҳолӣ нисбат ба сирояти COVID-19  вохӯрии намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи кории Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Л.Пастери Федератсияи Русия таҳти роҳбарии директори пажӯҳишгоҳи мазкур Тотолян Арег Артемович доир гардид.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки барои иштирок дар тадқиқоти мазкур метавонанд ба марказҳои саломатии маҳали зисташон дар шаҳри Душанбе- марказҳои саломатии шаҳрии №1,8,9,10,12,13 ва 14, дар шаҳри Турсунзода ба КАТС ва БМШ (кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Беморхонаи марказии шаҳрӣ), дар шаҳри Ваҳдат ба КАТС ва БМШ, дар шаҳри Ҳисор ба МНДСЭ (Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ), дар вилояти Хатлон ба МВНДСЭ (Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ)-и шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, дар вилояти Суғд ба МВНДСЭ ва КАТС-и шаҳри Хуҷанд, дар шаҳри Панҷакент ба КАТС ва МНДСЭ, дар шаҳри Истаравшан ба КАТС ва МНДСЭ ва дар шаҳри Исфара ба КАТС ва МНДСЭ муроҷиат намоянд.

Бақайдгирӣ барои иштирок дар тадқиқот дар нуқтаҳои муайяншудаи шаҳру навоҳии мамлакат ба тариқи электронӣ сурат мегирад.

Агар оид ба масъалаи мазкур савол дошта бошед, метавонед ба рақами 511- Маркази зиддибуҳронӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба COVID-19 муроҷиат намуда, маълумоти дақиқ дастрас намоед.

Ташхис барои муайян намудани масунияти шаҳрвандон нисбат ба сирояти COVID-19 ройгон мебошад.

 

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Март 10, 2022 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд