Дар Вазорати мудофиа ҷамъомади муштараки ҷумҳуриявӣ оид ба даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд

Март 17, 2022 16:08

ДУШАНБЕ, 17.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади муштараки ҷумҳуриявӣ оид ба  даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ доир гардид. Дар ҷаласа нахуст фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» мавриди баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи мамлакат хабар доданд.

Дар ҷамъомад муовини Сарвазири мамлакат-Раиси комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ Матлубахон Сатториён, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату хадамотҳои дахлдори Вазорати мудофиа ва Ситоди генералӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ, масъулини вазоратҳои тандурустӣ, маориф ва илми ҷумҳурӣ, Кумитаи кор бо ҷавон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони сохторҳои қудратии кишвар, муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, комиссарони ҳарбии ҷумҳурӣ ва дигар масъулини мақомоти давлатии даъват иштирок  доштанд.

Иштирокдорони ҷамъомад нахуст масъалаи  даъвати тирамоҳии соли 2021-ро таҳлилу натиҷагирӣ намуда, вобаста ба монеаву мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъвати шаҳру ноҳияҳои кишвар  изҳори нигаронӣ карданд. Аз ин рӯ, бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо ва ҷиҳати сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таъкид карда шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон ва ташкили босамари кори комиссияҳои даъватӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқ ба меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳа роҳандозӣ карда шавад, то ки беҳтаринҳо ва пеш аз ҳама нафарони рӯҳану ҷисман солим ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.

Ҳамзамон, масоили омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои даъватӣ, мутобиқ ба талаботи қонунгузории низомӣ ба роҳ мондани тайёрии тодаъватии ҷавонон баҳри адои хизмати ҳарбӣ, омода намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони синни даъватӣ, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти вобастаи давлатии даъват ва ҷоннок намудани корҳои мақсаднок дар рафти даъват аз масъалаҳои дигари баррасигардида дар ин ҷамъомад маҳсуб меёфт, ки аз ҷониби иштирокчиён мавриди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт.

Зикр гардид, ки дар қисмати охири ҷамъомад иштирокчиёни он ҷиҳати дар сатҳи баланд ва муташаккилона гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ-ҷамъиятӣ бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.

 

АКС: Вазорати мудофиаи ҶТ

Март 17, 2022 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»