«ЭКСПО-2020»: АЗ ПАВИЛЙОНИ ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 300 ҲАЗОР НАФАР ДИДАН НАМУДАНД. Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шаҳри Дубай гузориш медиҳад

Март 1, 2022 14:31

ДУШАНБЕ, 01.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз павилйони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ давоми як ҳафтаи гузашта 32 ҳазор нафар меҳмонон дидан намуданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Парвиз Файзуллозода, ки айни ҳол дар ин намоишгоҳ қарор дорад, хабар дод.

Аз павилйони Тоҷикистон ҳамарӯза меҳмонони зиёде дидан мекунанд, ки дар як ҳафта шумораи онҳо ба ҳисоби миёна ба 32 ҳазор мерасад.

Тавре қаблан хабар додем, мавзӯи павилйони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» «Об барои рушди устувор» мебошад. Дар он зиёда аз 50 нафар иштирокчиён аз вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, дастовардҳо, намунаи маҳсулот, имконияти ҳамкорӣ ва иқтидори худро дар соҳаҳои гидроэнергетика, захираҳои обӣ, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, кӯҳкорӣ, роҳсозӣ, шаҳрсозӣ, ҳайвонҳои нодир, фарҳанг, маориф, таърих, гиёҳҳои коркардашудаи шифобахш, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва ғайра муаррифӣ менамоянд. Ба меҳмонон дар павилйон маводи гуногун аз қабили расмҳои калонҳаҷм, амсила, видеофилмҳо, намунаҳои маҳсулот, маълумотномаҳо ва маводи иттилоотӣ дар шакли коғазӣ ва электронӣ барои муаррифӣ пешниҳод карда мешаванд.


Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО – 2020» муддати 6 моҳ — аз 1 октябри соли 2021 то 1 апрели соли 2022 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ амал мекунад.

Аз оғози кушодашавии павилйони Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин давра аз он зиёда аз 300 ҳазор нафар меҳмонон дидан намуда, бо фарҳангу нигораҳои таърихӣ, имконияти сармоягузориву сайёҳии кишвар, ҳайвонҳои нодир ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон шинос шуданд.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2022 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?