«ФАЙЗИ ДУНЁ ДАР ФАРОСЎИ ЗАН АСТ…». Намунаҳо аз ашъори шоирону нобиғагони тоҷик
ДУШАНБЕ, 08.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марти соли 2009 дар бораи Рӯзи Модар эълон намудани 8 март фармон ба имзо расониданд. Имсол 13-умин соли имзои ин фармон аст, ки ин ҷашни муҷалло- Рӯзи Модар дар Тоҷикистон бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Албатта, арҷгузории баланд ба Зан-Модари тоҷик бе замина нест, зеро ӯст, ки бузургону нобиғагони зиёдро ба олам додааст, яъне саҳми бузурге дар тарбияту камолоти онҳо ва бад-ин восита дар маънавиёти башар гузоштааст.
Ин бузургону нобиғагони миллат дар васфи модари мушфиқ ашъору навиштаҳои саршор аз муҳаббат эҷод кардаанд, ки порае аз онро дар Рӯзи Модар манзури хонандагон мегардонем.
Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода модареро, ки нуҳ шабу рӯз сари гаҳвораи фарзанд бедорхобӣ кашидааст, дар шеъри «Дасти Модар» ин гуна васф кардааст:
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз.
Аллагӯён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,
Сӯям оғӯшат калон бикшодаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки шодон борҳо
Пок кардӣ ашки чашмони маро.
Вақте мо асарҳои безавол ва бахусус достони «Ҷони ширин»-и Мирзо Турсунзода, номаҳои ба ҳаёти шахсии шоир вобастаро мехонем, мебинем, ки шоир ишқу муҳаббатро чӣ қадар васф кардааст, вафо ва садоқатро бо ҳиссиёти хоси худ сурудааст, алалхусус нисбат ба зан — модар меҳру муҳаббати беандоза дорад.
Шоир дар достони «Ҷони ширин» бузургию шаҳомати занро хеле моҳирона ба риштаи назм кашидааст:
Ҷони ширин ин қадар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун.
Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Боз дар наздат ба парвоз омадам,
Ҳар куҷо, ки хоб кардам, хестам,
Ҳар куҷо, ки буд ҷои зистам,
Ин дили ман манзили ёду ту буд,
Ёди рӯи ҳуснободи ту буд.
Бе ту нагзашт аз гулӯям об ҳам,
Бе ту дар чашмам наёмад хоб ҳам.
Бе ту ҳар як рӯзи ман як сол шуд,
Бе ту дил ғаш кард, чун атфол шуд.
Бе ту дидам гарчӣ зебо духтарон,
Бе ту бишнидам суруди ошиқон,
Бе ту дар тӯю тамошоҳо шудам,
Бе ту гоҳо булбули гӯё шудам,
Бе ту дар васфи занон гуфтам сухан,
Бе ту дар маҷлис фушурдам дасти зан,
Лек дар пеши назар рӯи ту буд,
Ҷилваҳои чашму абрӯи ту буд.
Ҷони ширин,пас дигар ҷангам макун,
Ин қадар беҳуда дилтангам макун,
Ишқу муҳаббат нисбат ба бузургии Модар дар осори ҷовидонаи шоири шаҳир Лоиқ Шералӣ маҳаки асосиро ташкил медиҳад. Ин шеърҳо баъдан дар маҷмӯаи «Модарнома» гирди ҳам омадаанд.
Ҳоло аз ин маҷмӯа якеро пешниҳоди хонандагон мегардонем:
Дар миёни кӯҳсорон,
Бо навои обшорон,
Бо сафои чашмасорон,
Бо суруди боду борон,
Бо дуруди навбаҳорон,
Ҷон ато кардӣ маро.
Ҷон ато кардию худро костӣ,
Рӯзу шабҳо бар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари бечораи ман.
Аз паи рӯзӣ давида,
Хӯшаҳоро чида-чида,
Талху шӯриҳо чашида,
Ранҷи дунёро кашида,
Ганҷи дунёро надида,
Дил ато кардӣ маро.
Дил ато кардию худро костӣ,
Рӯзу шабҳо бар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари ғамхораи ман,
Модари ман, модари бечораи ман.
Аз замоне, ки сухан пайдо шуд, шеър эҷод мешуд ва ҳатман шоирон илҳом аз зебоиҳои табиат, ишқу муҳаббат ва муҳимтар аз ҳама, илҳом аз зебоиву покӣ ва хуҷастагии зан мегирифтанду онро васф мекарданд, ба мисле ки Лоиқ Шералӣ дар шеъраш ба он ишора мекунад, бе зан ҳаёт нест, бе зан ҳатто қасри заррин дар назар кулбаи вайрона аст:
Қасри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст,
Дар биёбон баҳри мард оғӯши зан кошона аст.
Бахти ҳар марди накӯ дар зиндагонӣ- ин зан аст,
Зиндагӣ гар зан набошад, мардро ғамхона аст.
Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ,
Ҳар кӣ қадри зан надонад, аз хирад бегона аст.
Дар шеъри дигараш шоир модару заминро таҷассум карда мегӯяд:
Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.
Заминро ҳар қадар чун моли меросӣ
Миёни ҳам басо тақсим карданд.
Заминро қитъа-қитъа ҳар қадар фарзандгони ту
Барои ҳамдигар тақдим карданд,
Вале як рӯз донистанд –
Замин қисмат нахоҳад шуд.
Замину осмон,
Хуршеду маҳ
Мисли дили ту,
Мисли меҳри ту
Миёни кӯдакон қисмат нахоҳад шуд.
Ҳама хуршеду маҳ доранд,
Ҳама бо худ замину осмон доранд,
Вале аслан маҳу хуршед,
Вале аслан замину осмон
Монанди ту яктою танҳоянд.
Чунон ки ҳар касеро зодгоҳе ҳаст,
Раҳе, сарманзиле меодгоҳе ҳаст,
Вале баҳри ҳама Модар-Ватан яктост,
Ту ҳам аз баҳри мо мисли Ватан яктоӣ, эй модар.
Ту яктоиву дар ҳар ҷо,
Ту танҳоиву ту бо мо.
Туӣ обастани шодӣ,
Туӣ обастани ғамҳо.
Туӣ обастани имрӯз,
Туӣ обастани фардо.
Замину осмон,
Хуршеду маҳ,
Модар-Ватан
Аз он азизастанд,
Ки беҳамтову яктоянд.
Ҳар он чӣ беш аз якто бувад,
Чандон муқаддас нест.
Ту монанди замин танҳоӣ, модар!
Ту монанди замин яктоӣ, модар!
«Қиблагоҳам модарам!» -бо ин унвон Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ шеъре дорад, ки дар он тахайюлоти худро пас аз даргузаштани модар бо эҳсосоти наҷиб тасвир кардаааст:
Қиблагоҳам!
Модари олампаноҳам!
Дастҳо дар пеши бар дар пеши дар истодастӣ ҳанӯз.
Аз дару даргоҳи ман ҳарчанд рафтӣ зери хок,
Ҳамчунон тимсоли меҳру эътиқодастӣ ҳанӯз.
Пеши дар истодаӣ, эй модари чашминтизорам,
Эй сари сабзам, умеди зиндаам, субҳи баҳорам.
Пеши дар истодаӣ, гӯё саропо зиндаӣ,
Бо ҳамон наззораиву бо ҳамон лабхандаӣ.
Модароне будаанд афзун ба олам, тифлаконе зодаанд,
Лек волотар зи модар будаӣ,
Будаӣ ҳам модару ҳам офаринанда,
Баски бо навзод тавъам шоире ҳам зодаӣ,
Шоире дилдодае, озодае.
Маншаи шеъри сафедам буда аз шири сафедат,
Модарам, баски сафедиҳо ҳама аз орзуҳои сафеди туст.
Одамӣ гар орзуи зиндагӣ дорад,
Зиндагонӣ гар умеди боз ҳам пояндагӣ дорад,
Пояаш бар орзую бар умеди туст.
Қиблагоҳам!
Модари олампаноҳам!
Рафтаӣ гарчи зи дунёи дудар,
Дар сарат қарси сафед,
Дар рухат нури умед,
Дастҳо дар пеши бар дар пеши дар истодаӣ.
Пеши дар истодаӣ,
Гӯйиё дар пешвози меҳмон омодаӣ.
Гӯйиё дар остона,
Роҳпойӣ ҷовидона
Ҳам маро,
Ҳам аз тамоми рӯйи дунё меҳмонҳои маро…
Шоир Аминҷон Шукӯҳӣ дар васфи модар шеъреро бо унвони «Меҳри модар» ба қалам додааст, ки дар он аз ҳурмату эҳтироми модар сухан меравад, модаре, ки аз синни ҷавонӣ ва ҳатто то ба пиронсолӣ ҳам ғами фарзанд мехӯраду мӯи сараш сафед шудааст ва месазад, ки ба ҷон эҳтиромашро ба ҷо овард.
Ба нураш гарчӣ ин хуршеди ховар
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,
Намегардад валекин он баробар
Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар.
Фақат модар ба ҳар гармову сармо
Ҳамеша бар сари гаҳвораи мо
Накарда мижа таҳ биншаста шабҳо
Калон кард ӯ чу ҷон бигрифта дар бар.
Вуҷудаш чун ба фарзанд аст пайванд,
Варо хонад ба худ ҷону ҷигарбанд.
Агар хоре халад бар пойи фарзанд,
Дили модар шавад маҳзун муқаррар.
Барои фикру ёди пурумедаш,
Барои ҳурмати мӯйи сафедаш,
Ба ҷон ҳам хизмату ҳурмат кунедаш,
Набошад то ки чашмаш ҳеҷ гаҳ тар.
Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ Камол Насрулло дар ситоиши зан –модар бо номи «Ҳусни Истиқлол» чунин шеър иншо кардааст:
Файзи дунё дар фаросӯи зан аст,
Ҳусни Истиқлол дар рӯи зан аст.
Аз ҳама волотарин тахти ҷаҳон,
Дар бари модар, ба паҳлӯи зан аст.
Зиндагӣ шодоб агар имрӯз шуд,
Аз насими поки сарҷӯи зан аст.
Осмони беғубори зиндагӣ,
Аз сафои поки менӯи зан аст.
Мо ҳама мадюни заҳматҳои ӯ,
Зиндагӣ подор бо бӯи зан аст.
Қалъаи амнияти подори мо,
Ман аминам, дар сари кӯйи зан аст.
Зан сари болову пирӯзии мост,
Рӯйи ҳастӣ рӯйи хушрӯи зан аст.
Хулоса, адибону олимону шоирон ва бузургону фарзонагони дунё дар васфи зан-модар бисёр суханҳои меҳрбор ва нотакрор гуфтаанд, ки поён надоранд.
Вале ҳар қадар модарро васф кунем ҳам кам аст, зеро модар дилу дида, тарбиятгари фарзандони накӯ ва солиҳа, сутуни хонадон, кушояндаи корҳову дармонбахши тамоми дарду иллатҳо, симои зиндагӣ ва оинаи ҳаёту зиндагӣ, сарнавиштсози ҳаёт, саодатофари зиндагии ширин ва умедбахши ҳаёт, тавлидгари ҳаёти аҷибу наҷиби инсон, меҳрпарвару нозпарвари фарзандон дар ҳаёт мебошад.
Зан –Модар беназир аст.
Таҳияи
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»