«FREUT MICH, SIE ZU SEHEN! – АЗ ДИДОРАТОН ШОДЕМ!». Меҳмонон аз бародаршаҳри Клагенфурт дар Душанбе қарор доранд
ДУШАНБЕ, 23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳайати шаҳри Клагенфурти Ҷумҳурии Австрия таҳти сарварии муовини Раиси шаҳри Клагенфурт, сарпарасти бахши робитаҳои хориҷӣ Адоис Долинар бо мақсади иштирок дар Форуми 3-юми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе-меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Тавре дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба ҳайати меҳмонони австриягӣ ҳамчунин роҳбари Намоишгоҳҳои вилояти федералии Каринтияи Чумҳурии Австрия Бернҳард Ерлер ва роҳбари Хадамоти ташрифотии шаҳрдории Клагенфурт Ева Янитса шомил мебошанд.
Дар ҳошияи сафар 22 марти соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо ҳайати шаҳрдории Клагенфурт таҳти сарварии муовини Раиси шаҳри Клагенфурт Адоис Долинар доир гардид.
Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурномаи робитаҳои ҳамкории бародаршаҳрҳо — Душанбе ва Клагенфурт дар чаҳорчӯбаи санадҳои мавҷудаи ҳамкорӣ мавриди гуфтугӯ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳайати шаҳри Клагенфурт тайи се рӯз баробари иштирок дар Форуми 3 — юми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе-меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» ва Фестивали 4-уми байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию сайёҳӣ», ҳамзамон бо дастовардҳои шаҳри Душанбе аз наздик шинос шуда, бо роҳбарону намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтору ниҳодҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон — Олмон вохӯриву мулоқотҳо анҷом дода, бахшида ба 50-солагии истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Клагенфурт, ҳамчун рамзи дӯстии шаҳрҳо ва мардумони онҳо дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» ниҳол шинонданд.
Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Австрия таърихи тӯлонӣ дошта, имсол ҷонибҳо 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрияро ҷашн мегиранд. Ширкатҳои хусусии австриягӣ дар татбиқ ва азнавсозии як қатор лоиҳаҳои азими энергетикӣ ва коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар шаҳри Душанбе фаъолона иштирок менамоянд.
Дар рушду таҳкими муносибатҳои миёни ду кишвар саҳми шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт , ки шурӯъ аз соли 1972 робитаҳои бародаршаҳриро ба роҳ мондаанд ва имсол ба ин рӯйдоди таърихӣ 50 сол пур мешавад, басо назаррас ва арзанда маънидод мегардад.
Сафари ҳайати шаҳрдории Клагенфурт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон то 24 марти соли 2022 давом мекунад.
АКСҲО: МИҲД ш.Душанбе












ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд






