Иқтидори кишоварзии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Давҳа муаррифӣ шуд

Март 12, 2022 12:50

ДУШАНБЕ, 12.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 март дар пойтахти Қатар — шаҳри Давҳа 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии кишоварзӣ (Агритек-2022) ба кори худ оғоз кард, ки дар он иқтидори кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар форуми иқтисодие, ки дар ҳошияи Намоишгоҳ баргузор гардид,  Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода суханронӣ намуда, иқтидору зарфиятҳои соҳаҳои агросаноатии кишвар ва инчунин тадбирҳоеро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳо дар соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва инчунин содироту воридоти маҳсулоти соҳаҳои мазкур муҳайё намудааст, рӯнамоӣ кард.

Маросими ифтитоҳи намоишгоҳ бо ҳузури Сарвазири Қатар, Вазири шаҳрдорӣ, Вазири муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Қатар, роҳбарони ҳайати дипломатии муқими Давҳа ва намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ ва саноатии Қатар ва дигар кишварҳои хориҷӣ сурат гирифт.

Дар рафти ин чорабинӣ 307 ширкати байналмилалӣ аз 46 кишвари ҷаҳон маҳсулоти худро дар бахшҳои кишоварзӣ, обёрӣ, чорводорӣ, асалпарварӣ, моҳипарварӣ, истеҳсоли таҷҳизот ва технологияҳои соҳаи кишоварзӣ ба намоиш гузоштаанд ва боздиди беш аз 10 ҳазор нафар аз Намоишгоҳи мазкур дар назар аст.

Намоишгоҳи байналмилалӣ то 14 марти соли 2022 идома хоҳад ёфт.

 

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Март 12, 2022 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид