Имрӯз дар Туркманистон маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб баргузор шуд

Март 19, 2022 17:49

ДУШАНБЕ, 19.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 март дар пойтахти Туркманистон дар Кохи «Рухйет» маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоб Сердар Бердимухамедов баргузор гардид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора агентии иттилоотии давлатии Туркманистон хабар дод.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар, дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ, ки рӯзи 12 март баргузор шуд, собиқ муовини сарвазир ва писари собиқ президент Гурбонгулӣ Бердимухамедов Сердар Бердимухамедов 72,97% овозҳоро ба даст овардааст. Мутобиқи моддаи 76-и Кодекси интихоботи Туркманистон ва бар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот аз 14 март ӯ президенти интихобшуда эътироф гардид.

Ёдовар мешавем, ки Гурбонгулӣ Бердимухамедов 11 феврал аз тасмими ба роҳбари нав вогузор кардани ин мақом хабар дода буд. Дар баробари ин ӯ қарор дод, ки дар вазифаи раиси Халк Маслахаты (палатаи болоии парлумон) боқи монад.

Нуҳ номзад, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот сабти ном шуда буданд, ки ба мақоми роҳбари давлат рақобат карданд. Сердар Бердимухамедов аз Ҳизби демократи Туркманистон пешбарӣ шуда буд. Барои ӯ ин аввалин интихоботи президентӣ мебошад.

Дар ҷараёни овоздиҳӣ дар интихобот Сердар Бердимухамедов зимни мусоҳиба бо хабарнигорон гуфт, ки дар сурати интихоб шуданаш ба мақоми президенти Туркманистон сиёсати хориҷии бетарафро идома медиҳад.

Президенти Туркманистон ба муҳлати ҳафт сол интихоб мешавад ва аз лаҳзаи савганд ёд кардан ба кор шурӯъ менамоянд.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Март 19, 2022 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Интихоботи президентӣ дар Чехия 13 ва 14 январи соли 2023 доир мегардад
Дар Узбекистон муҳлати ваколати Президентро аз 5 ба 7 сол тамдид мекунанд
Густаво Петро дар интихоботи президентии Колумбия пирӯз шуд
Дар Қасри сафед тасдиқ карданд, ки Ҷо Байден ният дорад номзадии худро маротибаи дуюм пешбарӣ намояд
Узбекистон тартиби вуруди шаҳрвандони хориҷиро осон менамояд
Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб интихоб гардид
Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён аз олам даргузашт
Дар Чин ҳавопаймо бо 122 мусофир оташ гирифт
Артиши Масъуд се ноҳияи Панҷшерро тасарруф намуда, толибонро асир гирифт
Дар Сербия пирӯзии Александр Вучичро дар интихоботи президентӣ расман эълон карданд
Эммануэл Макрон дар интихоботи Фаронса пас аз ҳисоби садфоизаи овозҳо пирӯз шуд
ДАР ФАРОНСА — БОЗ ХУРУҶИ ЗУКОМИ ПАРАНДА. АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ин чӣ гуна вирус аст