ИМРӮЗ – РӮЗИ ФАРҲАНГ. Рисолати он аз одоби баланди гуфтору рафтору кирдору пайкор маншаъ мегирад
ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2017 инҷониб дар мамлакат 20 март Рӯзи фарҳанг таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, дастовардҳои аҳли фарҳангу ҳунар ва қадрдонии фаъолони соҳа доир мегардад.
Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озар Орифӣ иброз намуд, ки таҷлили Рӯзи фарҳанг хусусияти хоси худро доро буда, яке аз он тавъам омадан бо ҷашни бузурги миллию мардумӣ – Наврӯзи бостонӣ мебошад. Зеро Наврӯз муаррифи фарҳанги оламшумули тоҷикон ва ҷашни пурифтихору пурэҳсон буда, ин суннати аҷдодиро мардуми шарифи тоҷик бо пайравӣ аз пешиниёни худ гиромӣ медоранд.
Ҳамчунин ба муносибати Рӯзи фарҳанг дар тамоми муассисаҳои фарҳангии мамлакат маҷлисҳои тантанавӣ, барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ, намоишҳои китобию ҳунарҳои мардумӣ, маҳфилҳои эҷодӣ баргузор гардида, заҳмати фаъолони соҳа бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаю сипосномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд.
Озар Орифӣ зикр намуд, ки имрӯзҳо аҳли фарҳангу санъати кишвар бо истифода аз имконоти ҷойдошта баҳри ҳифзу нигаҳдошти унсурҳои гуногуни фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ камари ҳиммат баста, хизмати шоиста менамоянд. Рисолати фарҳанг на танҳо рақсу суруду оҳанг аст, балки он дар покии зоҳир, покии ботин, некию накӯкорӣ, ростию адлу инсоф, фарҳанги гуфтору рафтору кирдору пайкор, ки дар асоси ишора ба «пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек» манша гирифтааст, амалӣ мегардад.
Вазорати фарҳанги мамлакат баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар, ташаккули фазои фарҳангӣ, баҳри тарғибу ташвиқи фарҳангу санъати миллӣ, ҷалби бештари мардум ба чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, бунёду таъмир, таҷдиду навсозии муассисаҳои фарҳангӣ, харидории таҷҳизоти замонавӣ, созҳои мусиқӣ, китобҳои тозанашр нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, дар доираи он чораҳои мушаххас амалӣ менамояд. Соли 2022 баргузории якчанд чорабиниҳо, аз қабили Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!», Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони «Чароғи ҳидоят», Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб», Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Гулшани маърифат», Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён таҳти унвони «Садои дил», Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Осорхона: масъалаҳо ва самтҳои афзалиятноки рушди он дар замони муосир» ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудаанд, ки мунтазам тибқи муҳлатҳои муқарраршуда баргузор карда мешаванд.
Вобаста ба ҳифзу тарғиб ва муаррифӣ намудани мероси фарҳанги моддию ғайримоддии халқи тоҷик ба аҳли олам тадбирҳои зарурӣ рӯи даст гирифта шудаанд. Махсусан, барои шомил намудан ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии фарҳанги моддию ғайримоддии ЮНЕСКО якчанд унсури фарҳангӣ, аз ҷумла номинаҳои ҷашнҳои «Сада», «Меҳргон», матоъҳои миллии «Атласу адрас», «Кашидадӯзӣ», сози миллии «Рубоб», ёдгории таърихии «Ҳулбук», маҷмааи меъмории «Кохи Наврӯз», номинаҳои муштараки «Ҳазлҳои Хоҷа Насриддин», «Фарҳанги хӯроки Ифтор дар моҳи шарифи Рамазон», «Тазҳиб – санъати тасвирӣ (зарҳалкорӣ ё тиллокорӣ)» ва ғайра пешниҳод гардидаанд. Тибқи хулосаи коршиносони ҷаҳонӣ ва аъзои комиссияи ЮНЕСКО, онҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Хусусан, номинаҳои муштараки «Ҷашни Меҳргон», «Санъати кашидадӯзӣ» ва «Рубоб» дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, Узбекистон ва Қазоқистон дар иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО давоми соли 2022 мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
«Таҳлили амиқи тадбирҳои андешидашуда ва ҳадафҳои дарпешгузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг дурандешонаву муваффақона роҳандозӣ гардидааст. Дар ин самт олимону коршиносони муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва дигар мақомоти марбута тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд»,- иброз дошт Озар Орифӣ.
АКСҲО аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид
Имрӯз дар Боғи Куруши Кабир «Кӯчаи сайёҳии мавсимӣ» ифтитоҳ мегардад
«ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон ба ифтихори Рӯзи Президент китоб ба нашр расид
Ҳунарҳои миллӣ бо усули «хона ба хона», «деҳа ба деҳа» ва «маҳал ба маҳал» тарғиб карда мешаванд
Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд
ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад
7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад






