ИМРӮЗ – РӮЗИ ФАРҲАНГ. Рисолати он аз одоби баланди гуфтору рафтору кирдору пайкор маншаъ мегирад

Март 20, 2022 10:55

ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2017 инҷониб дар мамлакат 20 март Рӯзи фарҳанг таҷлил мешавад.  Дар ин рӯз дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, дастовардҳои аҳли фарҳангу ҳунар ва қадрдонии фаъолони соҳа доир мегардад.

Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озар Орифӣ иброз намуд, ки таҷлили Рӯзи фарҳанг хусусияти хоси худро доро буда, яке аз он тавъам омадан бо ҷашни бузурги миллию мардумӣ – Наврӯзи бостонӣ мебошад. Зеро Наврӯз муаррифи фарҳанги оламшумули тоҷикон ва ҷашни пурифтихору пурэҳсон буда, ин суннати аҷдодиро мардуми шарифи тоҷик бо пайравӣ аз пешиниёни худ гиромӣ медоранд.

Ҳамчунин ба муносибати Рӯзи фарҳанг дар тамоми муассисаҳои фарҳангии мамлакат  маҷлисҳои тантанавӣ, барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ, намоишҳои китобию ҳунарҳои мардумӣ, маҳфилҳои эҷодӣ баргузор гардида, заҳмати фаъолони соҳа бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаю сипосномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд.

Озар Орифӣ зикр намуд, ки имрӯзҳо аҳли фарҳангу санъати кишвар бо истифода аз имконоти ҷойдошта баҳри ҳифзу нигаҳдошти унсурҳои гуногуни фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ камари ҳиммат баста, хизмати шоиста менамоянд. Рисолати фарҳанг на танҳо рақсу суруду оҳанг аст, балки он дар покии зоҳир, покии ботин, некию накӯкорӣ, ростию адлу инсоф, фарҳанги гуфтору рафтору кирдору пайкор, ки дар асоси ишора ба «пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек» манша гирифтааст, амалӣ мегардад.

Вазорати фарҳанги мамлакат баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар, ташаккули фазои фарҳангӣ,  баҳри тарғибу ташвиқи фарҳангу санъати миллӣ, ҷалби бештари мардум ба чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, бунёду таъмир, таҷдиду навсозии муассисаҳои фарҳангӣ, харидории таҷҳизоти замонавӣ, созҳои мусиқӣ, китобҳои тозанашр нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, дар доираи он чораҳои мушаххас амалӣ менамояд. Соли 2022 баргузории якчанд чорабиниҳо, аз қабили Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!», Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон», Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо таҳти унвони «Чароғи ҳидоят», Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб», Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Гулшани маърифат», Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён таҳти унвони «Садои дил», Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Осорхона: масъалаҳо ва самтҳои афзалиятноки рушди он дар замони муосир» ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудаанд, ки мунтазам тибқи муҳлатҳои муқарраршуда баргузор карда мешаванд.

Вобаста ба ҳифзу тарғиб ва муаррифӣ намудани мероси фарҳанги моддию ғайримоддии халқи тоҷик ба аҳли олам тадбирҳои зарурӣ рӯи даст гирифта шудаанд. Махсусан, барои шомил намудан ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии фарҳанги моддию ғайримоддии ЮНЕСКО якчанд унсури фарҳангӣ, аз ҷумла номинаҳои ҷашнҳои «Сада», «Меҳргон», матоъҳои миллии «Атласу адрас», «Кашидадӯзӣ», сози миллии «Рубоб», ёдгории таърихии «Ҳулбук», маҷмааи меъмории «Кохи Наврӯз», номинаҳои муштараки «Ҳазлҳои Хоҷа Насриддин», «Фарҳанги хӯроки Ифтор дар моҳи шарифи Рамазон», «Тазҳиб – санъати тасвирӣ (зарҳалкорӣ ё тиллокорӣ)» ва ғайра пешниҳод гардидаанд. Тибқи хулосаи коршиносони ҷаҳонӣ ва аъзои комиссияи ЮНЕСКО, онҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Хусусан, номинаҳои муштараки «Ҷашни Меҳргон», «Санъати кашидадӯзӣ» ва «Рубоб» дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, Узбекистон ва Қазоқистон дар иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО давоми соли 2022 мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

«Таҳлили амиқи тадбирҳои андешидашуда ва ҳадафҳои дарпешгузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳанг дурандешонаву муваффақона роҳандозӣ гардидааст. Дар ин самт олимону коршиносони муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва дигар мақомоти марбута тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд»,- иброз дошт Озар Орифӣ.

 

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Март 20, 2022 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт
Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд
Рушди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
«МЕАНДЕШАМ, ПАС ҲАСТАМ». Таҳти ин унвон намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов ташкил карда мешавад
Дар Бишкек маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даврҳои омӯзишии «Эбру», 3D ва колиграфия ифтитоҳ шуданд
«ЗЕБОИИ ТОҶИКИСТОН–МЕРОС БАРОИ ОЯНДА». Дар Бишкек намоишгоҳи санъати тасвирии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт