Конфронси 27-уми солонаи Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо дар Гурҷистон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25-29 сентябр дар Тифлис конфронси 27-уми солонаи Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо (IAP) баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар муроҷиатномаи прокурори генералии Гурҷистон Ираклий Шотадзе, ки дар сомонаи интернетии Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо нашр гардидааст, гуфта мешавад.
«Конфронси дорои аҳамияти байналмилалии прокуророн –ин имкони хубест барои прокуророни кишварҳои мухталиф ҷиҳати табодули таҷрибаи пешқадам ва гирифтани маълумот дар самтҳои муҳим», — омадааст дар изҳороти прокуратураи генералӣ.
Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо (IAP), ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ узви он аст, соли 1995 таъсис ёфта, ягона созмони байналмилалии прокурорҳо мебошад, ки 172 идораи прокурорӣ аз 171 кишвари ҷаҳон ва 3 ҳазор аъзои алоҳидаро муттаҳид мекунад.
АКС аз бойгонӣ








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






