Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон ба сохторҳои марбутаи Тоҷикистон сагҳои махсуси омӯзонидашуда туҳфа мекунад
ДУШАНБЕ, 12.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 март вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон Акмалхуҷа Мавлонов баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба тақвияти робитаҳо дар низоми гумрукӣ ва мусоидат дар ҳамлу нақли молу маҳсулот иброз доштанд.
Зимни вохӯрӣ Сафир аз Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Узбекистон дидан намуд. Ҳамзамон дар асоси ҳамкории мутақобилан судманд дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи Маркази мазкур ба сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 адад сагҳои махсуси омӯзонидашуда туҳфа мешаванд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, аз 15 марти соли 2022 фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон ба реҷаи одӣ гузаронида шуда, назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Қарори мазкур бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмин намудани фаъолияти пурраи самтҳои хоҷагидорӣ дар мамлакат, ғанигардонии иқтисодиёти кишвар ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо давлатҳои ҳамсоя қабул карда шуд.
Тибқи қарор, гувоҳнома оид ба ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Узбекистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.
«Ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳоди маълумотнома бо натиҷаи «манфӣ»-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда нисбат ба COVID-19, ки ба муҳлати то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд», — омадааст дар қарор.
Реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар байни аҳолӣ бекор карда мешавад.
АКСҲО: ВКХ ҶТ








Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Кувайтро қабул намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд






