Масъалаи густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маорифи Тоҷикистон ва Русия муҳокима шуд

Март 19, 2022 14:05

ДУШАНБЕ, 19.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 18 март мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ниҳоди мазкур.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро мусбат арзёбӣ карда, гуфт, ки рушди минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳарду ҷониб мебошад, зеро Тоҷикистону Русия шарикони стратегианд. Ӯ хусусан рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии ҳарду давлатро муҳим дониста, зикр намуд, ки зарфият ва имконияти воқеии ҳарду давлат дар ин самт ҳанӯз пурра истифода нашудаанд.

Хайриддин Усмонзода зимнан дар бораи масъалаҳои сиёсию амниятӣ сухан ронда, моҳияти сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  шарҳу тавзеҳ дод. Мавсуф иброз дошт, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли мусолиматомези тамоми масъалаҳои баҳсноки минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин–Фролов барои пазироӣ ва мулоқоти самимона ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба рушди робитаҳои шарикии дӯстона ва ҳамкории Русия ва Тоҷикистон баҳои баланд дод. Мавсуф таҳкими онҳоро ҳадафи асосии фаъолияти дипломатии худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номид. Ӯ аз робитаҳои фарҳангии халқҳои русу тоҷик ёдовар шуда, тазаккур дод, ки барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, адабиёту санъат барномаҳои мушаххасро роҳандозӣ хоҳад намуд.

Зимни мулоқот инчунин ҳарду тараф масъалаҳои амнияти минтақавӣ, вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дурнамои вазъи амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳоро мавриди арзёбӣ қарор доданд. Ҳамчунин дар доираи вохӯрӣ масоили ба роҳ мондани ҳамкории илмиву таҳқиқотӣ миёни марказҳои зеҳнии ду кишвар ва ба нақша гирифтани баргузории чорабиниҳои муштараки илмиву фарҳангӣ баррасӣ гардид.

 

АКС: Хадамоти матбуоти МТС ҶТ

Март 19, 2022 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд