МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Кишти картошкаи баҳорӣ дар водиҳо бояд то охири моҳи март гузаронида шавад

Март 13, 2022 10:22

ДУШАНБЕ, 13.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи дурнамои соли 2022  дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 611 797 гектар кишти  зироати кишоварзӣ гузаронида шавад. То аввали моҳи марти соли равон хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 34525 гектар кишти баҳорӣ гузаронидаанд, ки аз ин 8062 гектарро кишти картошкаи барвақтӣ ташкил медиҳад.

Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров тавсия медиҳад, ки кишти баҳории картошка дар водиҳо аз нимаи моҳи феврал ва аввали март оғоз гардида, то охири моҳи март гузаронида мешавад.

Ба гуфти мавсуф, дар кишти баҳорӣ картошкаи тухмиро як моҳ пеш аз кишт омода менамоянд. Бо ин мақсад лӯндаҳои
тухми картошкаро аз ҷои салқин ба ҷои то 12-15 дараҷа гарму равшан, вале нури офтоб намерасидагӣ ва намнокии ҳаво бояд аз 85 то 90 фоиз бошад, бароварда, 2-3 қабат рехта, 20-25 рӯз нигоҳ медоранд ва онҳоро дар ин давом барои инкишофи нешакҳо рӯйгардон менамоянд.

Дарозии нешакҳо то давраи кишт ҳангоми истифодаи мошинҳои картошкашинонак бояд 0,25-0,50 см бошад. Омода намудани тухмӣ барои кишт аз навъҳои тухмиҳои пешпазак ва миёнапазаку солим ва коркарди онҳо бо фунгиситҳо лозим аст. Лӯндаҳои картошкаро дар фосилаҳои 18-20 см ва дар чуқурии 8-10 см бояд кишт кард. Баъди кишт ба рӯи ҷӯякҳо пошидани пору ба миқдори 7-10 тонна дар як гектар тухмиҳоро аз шароити номусоиди обу ҳаво нигоҳ медорад.

Доктори илмҳои кишоварзӣ   иброз медорад, ки «технологияи парвариши кишти картошкаи барвақтӣ аз картошкаи мавсимӣ фарқ дорад. Марди деҳқон пеш аз кишти картошка бояд заминро хуб омода  ва бо нуриҳои минералӣ ва органикӣ таъмин намояд. Нозукии асосии кишти картошка дар он аст, ки фасли сарморо ба назар гирифта,  лӯндаҳои картошкаро дар чуқурии 15 ё 16 см дар қаторҳо мешинонем. Инчунин теғаи болои картошка ва ду атрофи лӯндаи картошка бояд ҳамин андозаро дошта бошад.  Дар кишти барвақтии картошка лӯндаи шинонидаи картошка бояд аз 40 то 60 граммро ташкил диҳад  ва ҳамроҳ бо нуриҳои минералӣ шинонида шавад, то дар фасли сармо зарар набинад. Ҳамчунин дар ҳолати шинонидани лӯлаҳои картошка бояд ҷӯякҳо аз қутби ҷануб ба шимол шинонида шаванд. Дар ҳолати баромадани офтоб гармӣ бояд ба  болои ҳамаи ҷӯякҳо таъсири хуб расонад. Инчунин лӯндаҳо дар ҳолати боришу барфи зиёд ва  пас аз баромадани офтоб бо гармӣ бояд баробар таъмин гарданд.  Ин  барои сабзиши картошка мусоидат мекунад».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, моҳи март сербориш мешавад, ки ин шароити боду ҳаво дар водиҳо барои гузарондани корҳои саҳроӣ мусоид пешгӯӣ намешавад. Дар боқимонда рўзҳои моҳи март аз ҳисоби бебориш будани ҳаво гузаронидани корҳои саҳроӣ барои хоҷагидорон мусоид аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 13, 2022 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

АСАЛ ДАВОИ ДАРД. Имрӯз дар Душанбе «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар беш аз 2600 гектар кишти такрорӣ гузарониданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли биринҷ ҷисми инсонро фарбеҳ менамояд
МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ ИДҲОИ БОСТОНИИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба аҳамияти ин ҷашн
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Лоиҳаи бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи сабзи КАСА – 1000 дар қисмати Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расидааст
Дар Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 7 фоиз зиёд гардидаст
Тоҷикистон ва Узбекистон дар самтҳои рушди ҳукумати электронӣ, таҳияи платформаҳо ва ҳамгироии рақамӣ ба мувофиқа расиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои амрикоӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат меёбад
Тоҷикистон ҷонибдори рушди ҳамкории байниминтақавӣ дар соҳаи захираҳои гидроэнергетикӣ аст
Сертификатсияи стандартҳои ESG барои кормандони Вазорати молия бо намояндаи Nasdaq баррасӣ гардид