Масоили амнияти минтақавӣ ва тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 март дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ зери унвони «Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби Нақшаи амали муштарак оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ» Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кул — Мудири Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ, ба вижа Дафтари зиддитеррористии Созмон ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷоя дар самти мазкур мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон Сироҷиддин Муҳриддин мусоҳибро ба муносибати оғози марҳилаи 4-уми «Нақшаи муштараки амал оид ба татбиқи Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ», ки дар ҳошияи вохӯрии 11-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ 8 декабри соли 2021 дар Душанбе баргузор гардид, табрик намуд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 8 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) вохӯрии 11-уми солонаи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим роҳбарӣ намуд. Инчунин дар мулоқот муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Азизбек Мадмаров, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Фурқат Сидиқов, муовини Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вафо Ҳоҷиев, Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, роҳбари UNRCCA Наталя Герман, мудири Маркази мубориза бо терроризми СММ Ҷаҳонгир Хон, муовини Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон, муовини роҳбари Намояндагии СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон (UNAMA) Метте Кнудсен ва намояндагони кишварҳои мададрасон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистонро дар ин нишаст Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶҚ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев роҳбарӣ намуд.
Аснои нишасти мазкур ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккилона, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва мушкилиҳои иқтисодӣ-иҷтимоиро мавриди муҳокима қарор дода, инчунин роҷеъ ба дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар намуданд.
Дар чаҳорчӯби яке аз иҷлосияҳои вохӯрии мавриди назар ба марҳилаи 4-уми лоиҳаи муштарак зери унвони «Нақшаи муштараки амал: Дар роҳи татбиқи фарогири Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ» ҳусни оғоз бахшида шуд.
АКС: ВКХ ҶТ








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






