«Матбуот оинаи ҳаёт аст»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Март 11, 2022 15:53

ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи  расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият»  дар саҳифаи аввали шумораи  №46 (24 405), чоршанбе, 9 марти соли равон паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модарро  ба нашр расонидааст. Инчунин дар саҳифаи аввал Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ва сафари расмии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Арабии Миср ва зери рубрикаи «Тоҷикистон» хабарҳои муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ чоп шудаанд.

Дар ин шумораи нашрия хонанда имкон дорад доир ба соҳаи кишоварзии ноҳияи Зафаробод аз маводи «Зафаробод. То соли 2025 кишоварзон пурра бо об таъмин мегарданд» ва аз маводи «Панҷакент. Даштҳо самар меоранд» доир ба заминҳои бекорхобидаи шаҳри Панҷакент, инчунин аз матлаби «Паём. Рушди маориф аз мавзӯъҳои калидӣ  монд», «Ману устод Ширин Бунёд», «Тоҷикистон ва Узбекистон. Як рӯзи таърихӣ дар муносибатҳои кишварҳо» ва «Дар фурӯғи вожаи Ватан» маълумот пайдо намояд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум»  рӯзи шанбе, 5 март №29  (4449) Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузориш оид ба сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин мавод зери унвони «Баррасии қонунҳо ва пешниҳоди хулосаҳо», «75 ҳазор  зан ба соҳибкорӣ машғуланд», «Инсонофарӣ рисолати беназири модарон аст», «Қасри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст», «Монандаки моҳи нав пайдо шавӣ-чӣ!», «Чун ҷон ба лабаш расид, модар гӯяд»-ро ба нашр расонидааст.

Дар мусоҳиба таҳти унвони «75 ҳазор  зан ба соҳибкорӣ машғуланд» муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигорахон Ғаффорзода ба саволи рӯзноманигори нашрия доир ба беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва бо шуғл фаро гирифтани занон чунин посух гуфтааст: «Воқеан, аз соли 2006 грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони соҳибкор ҷудо мешавад. Маблағи онҳо, дар маҷмӯъ, соли аввал як миллион сомонӣ буд. Соли 2013 он ба 2 миллион сомонӣ расонида шуд.

Дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) 80 грантро аслан ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ ҷудо намудем, зеро дар он ҷо занҳои бекор зиндагӣ мекунанд ва сатҳи даромаднокиашон низ паст аст. Ҳамчунин ба занҳое, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд ё шавҳаронашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, грант дода шуд. Ба занҳое, ки аз маҳбас озод шудаанд, ҳар сол як ду грант дода мешавад. Ба занҳое, ки маъюбанд ва ё кӯдакӣ маъюб доранд, низ грантҳо пешниҳод мегарданд».

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №11 (20344), 9 марти соли равон Паёми шодбошии Президенти мамлакат ба муносибати Рӯзи Модар, Фармони Сарвари давлат, гузориш аз ҷараёни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҷараёни фаъолияти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии дохил ва хориҷи мамлакат нашр кардааст.

Инчунин «Народная газета»  маводи таҳлилӣ таҳти унвони «Цените каждое мгновение, проведенное  с родителями», «День матери-символ соединения природы и женственности», «Первая женщина-генерал независимого Таджикистана», «Залог успеха Фирузы Насыровой» ва дигар матолибро ба нашр расонидааст.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №10 (1356), чоршанбе, 9 марти соли 2022 дар баробари нашри хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ, инчунин Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар, Фармони Сарвари давлат, инчунин мавод зери унвони «Муносибатҳои байналмилалӣ дар сиёсати Пешвои миллат», «Аз таърихи таъсис ва рушди Прокуратураи Тоҷикистон», «Матбуот оинаи ҳаёт аст», «Ҷанбаҳои хатарзои фазои иттилоотӣ», «Дарси мактабдорӣ», «Хусу сиятҳои хоси бонувон дар ҷодаи сарварӣ», «Дар масири худшиносӣ», «Бартариҳои туризми шикорӣ» ва дигар маводи ҷолибро нашр намудааст.

Дар матлаби «Матбуот оинаи ҳаёт аст» муаллиф, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафар Эркаев чунин нигоштааст: «Дарвоқеъ, нақши ВАО дар ҳаёти муосир беандоза бузург аст. Дар давраи Истиқлолият 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Мо тавассути саҳифаҳои матбуоти даврӣ бояд фарҳанг ва тамаддунсоз будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем. Вазифаи асосии матбуоти тоҷик он аст, ки бояд сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ бошад…».

 

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2022 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад