Матбуоти даврӣ маҳз дар замони истиқлол аз ҷиҳати фосилаи чоп, сатҳи пахшу интишор ва доманаи мавзуот комилан рушд намуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола ҳамчун иди касбии рӯзноманигорони ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, ҳамоиши илмиву адабӣ доир шуд.
Ҷойгоҳи аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» дар низоми матбуоти тоҷик, нақши он дар ташаккули худшиносии миллӣ, мавзӯъ ва муҳтавои аввалин матолиби он, саҳми нахустин кормандони ин ҷарида бобати анҷоми корҳои равшангарӣ дар соҳаҳои илму маориф дар маърӯзаи Ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ бозтоби густурда ёфт. Бояд гуфт, ки Нуъмонҷон Ғаффорӣ ба сифати муаррих оид ба нақши матбуоти ибтидои асри ХХ, бозтоби афкори ҷадидия дар он пажӯҳиши боарзиш анҷом дода, дар тарғиби кору пайкори саромадони матбуоти миллӣ нақши босазо гузоштааст.
Мудири кафедраи забони тоҷикӣ Саидмуроди Хоҷазод иброз дошт, ки дар замони истиқлол дар баробари ВАО- и электронӣ бозори матбуот низ рушд кард. Низоми ахбори оммаи Тоҷикистон аз нигоҳи тааллуқоти молӣ ва сиёсӣ ба расмӣ, ҷамъиятӣ, ҳизбӣ, шахсӣ гурӯҳбандӣ мешавад, ки он хоси замони истиқлол аст. Бино ба пажӯҳиши мавсуф, маҳз дар замони истиқлол матбуоти даврӣ аз ҷиҳати фосилаи чоп, сатҳи пахшу интишор, доманаи мавзуот, шаклу шеваи нигориш, тарзи муносибат ба воқеиёти иҷтимоӣ комилан рушд кард. Муҳимтарин нукта ин аст, ки матбуот пайваста барои худшиносиву худогоҳии ҷомеа, татбиқи ғояҳои давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу суботи сартосарӣ, муаррифии тоҷикон ба сифати миллати мутамаддин ва ободгару бунёдкори Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми муҳим мегузорад.
Дар хотима намоиши филми «Пешвои миллат ва ташаккули фазои расонаӣ» сурат гирифт, ки дар меҳвари он фаъолияти созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати рушду ташаккули фазои расонаии замони истиқлол, хосатан матбуот қарор гирифтааст.
Дар филм лаҳзаҳои нотакрор, хотирмон ва таърихии фаъолияти Пешвои миллат дар самти дастгирии матбуот ва ВАО дар солҳои аввали истиқлол, нақши радио, телевизион ва матбуот дар таҳкими сулҳу субот, маросими ифтитоҳи насли нави воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, мулоқоти Президент бо намояндагони ВАО, мусоидат бобати ҳалли мушкилот ва дастгирии матбуот аз ҷониби Сарвари давлат ва нақши Президент дар мукаммал ва шаклгирии фазои расонаӣ дар замони истиқлол таҷассум шудаанд.
Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи матбуот имрӯз дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд, ки дар он раиси шаҳр Парвиз Акрамзода рӯзноманигорону кормандони воситаҳои ахбори оммаро табрик намуда, изҳор дошт, ки «таърихи матбуоти тоҷик ҳанӯз аз 11 марти соли 1912 бо нашри рӯзномаи «Бухорои шариф» сарчашма гирифта, дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат бо ҷилои нав рисолати худро идома дода, дар баланд гардидани шуур ва маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳувияти миллии ҷомеа саҳми муассир гузошта истодааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар заминаи таваҷҷуҳ ва ҳамкории хоссаи Ҳукумати мамлакат бо матбуот ва воситаҳои ахбори омма барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тарғиби ғояҳои баланди инсонӣ, инъикоси рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ифшои камбудиву бартарафсозии онҳо бо кормандони ин ниҳоди воқеъбин ҳамкории пайваста дорад. Аз ҷумла, давоми соли 2021 ҷиҳати инъикосу таҳлил ва баррасии паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода тавассути расонаҳои хабарии ҷумҳуриявӣ ва хориҷи мамлакат беш аз 120 маводу гузоришҳо нашр ва инъикос гардиданд. Ин ҳамкорӣ баёнгари сиёсати шаффоф, ошкорбаёнӣ ва демократия арзёбӣ мегардад».
Масъулини шаҳри Турсунзода дар ҳамоиши идонаи Рӯзи матбуот гуфтанд, ки матбуоти маҳаллии шаҳри Турсунзода таърихи 87-сола дошта, пешрафти он бештар ба давраи соҳибистиқлолӣ рост меояд. Дар даврони Шӯравӣ дар шаҳри Турсунзода танҳо як нашрия ва радиои маҳаллӣ фаъолият мекард. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат майдони фаъолияти матбуот фарох гардида, 5 нашрия – «Диёри Турсунзода», «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», «Нури маърифат», «Тибби Бӯалӣ», инчунин телевизиони маҳаллии «Регар», радиои маҳаллии «Садои Осиё» ва радиои ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар пурра намудани фазои иттилоотӣ фаъол гардиданд. Матбуоти шаҳр дорои мактаб ва таърихи ғанӣ буда, дар баробари бузургтарин нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар пешрафти матбуоти ватанӣ саҳми беназир гузошта истодааст.
Дар хатми ҳамоиш раиси шаҳри Турсунзода ба намояндагони якчанд рӯзномаю маҷаллаҳо барои ҳамкории судманд сипоснома тақдим намуд ва рӯзноманигорони собиқадору фаъолони соҳаи журналистика бо мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ шуданд.
Инсоният ба иттилоот аз қадимулайём ниёз дошт. Таҷрибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки рӯзномаву маҷалла ва садою симо ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд. Зеро ҷомеа ба ахбор, инъикоси саривақтӣ ва воқеъбинонаи рӯйдодҳои ҳамарӯза ниёз дорад. Ин матлабро имрӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баён дошт.
Мавсума Муинӣ ба кулли хабарнигорони соҳаи телевизион ва радиои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, аҳли қаламу эҷод ва собиқадорони ин соҳаи калидӣ ба муносибати 110-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик саломативу комгорӣ ва пирӯзиву хушҳолӣ таманно намуд.
Зикр гардид, ки нахустшумораи «Бухорои шариф» 11 марти соли 1912 дар матбааи Бухорои Нав бо ибтикороти равшанфикри машҳури тоҷик Мирзо Сироҷиддин Ҳаким чоп шуд. Муҳарририи рӯзнома ба зиммаи яке аз донишмандони шинохтаи забону адабиёти тоҷик, адиб ва рӯзноманигори маъруф Мирзо Ҷалол Юсуфзода гузошта шуда буд ва мавсуф давоми фаъолият дар ин ҷода тавонист саҳми созгоре баҳри рушди соҳаи матбуот гузорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба фаъолияти матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зимни яке аз суханрониҳо баён доштаанд, ки «нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир хеле бузург буда, он ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонад». Воситаҳои ахбори омма авзои ҳар ҷомеаро ифода карда, ба доираи васеи мардум имкон медиҳанд, ки ҷараёнҳои гуногуни ҳаёти башарро дарк намоянд ва дар маҷмӯъ манфиатҳои миллии хешро дар раванди талошҳои геопотолитикӣ эҳсос ва ҳимоят намоянд.
Тавре аён аст, дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори озодии баён буда, фаъолияти озоди рӯзноманигорон ва гуногунандешӣ дар ҷомеаро пуштибонӣ мекунад. Афзоиши шумораи нашрияҳо, ки бо риояи гуногунандешӣ дар мамлакат сурат мегирад, баёнгари эҳтиром ба арзишҳои демократӣ мебошад.
Матбуоти тоҷик дар ҳоли рушд қарор дошта, он ба неруи тавоно табдил ёфтааст. Ҳоло дар мамлакатамон теъдоди расонаҳои хабарӣ зиёд шудаву ширкатҳои мустақили телевизионӣ дар маҳалҳо низ фаъолияти босамар доранд.
Дар фарҷом ба як зумра собиқадорони нашрияҳо, хабарнигорони телевизион ва радиои вилоятиву ҷумҳуриявӣ туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон супорида шуд.
Инчунин имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ ба аёдати собиқ сармуҳаррири нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон Ҷамол Ахмедов рафта, ба онҳо маводи хӯрокворӣ ва озуқаворӣ расонида шуд. Ахмедов Ҷамол 82 сол дошта, 12 сол роҳбарии нашрияи «Паём»-и Бӯстонро ба уҳда дошт.
Таҳияи Раънои НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар», МИҲД шаҳри Турсунзода, Бӯстон