Метавон бо вуҷуди фарогирии интернет нақши матбуотро таъсиргузор ва пойбарҷо унвон кард? Шарҳи хабарнигори АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 11.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 март Рӯзи матбуоти тоҷик аст, ки ҳамасола дар саросари Тоҷикистон аҳли қаламу сухан ин рӯзро истиқбол менамоянд. Ин ҷашн ба ифтихори нашри нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» пазируфта шудааст, ки имсол аз таъсиси он 110 сол сипарӣ мегардад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки рушди муносибатҳою боло рафтани нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва технологияҳои муосир ҷойгоҳи таъсиргузор дорад, оё метавон гуфт, ки нақши матбуот дар ҷомеаи имрӯза пойбарҷост? Зеро дар замоне, ки интернет тамоми фазои иттилоотиро пахш намудааст, матбуот метавонад дар рақобат бо он хонандагонашро аз даст надиҳад? Дар робита ба ин мавзӯъ мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳлои САДРИДДИН миёни сармуҳаррирони рӯзномаҳои кишвар назарсанҷие анҷом дод.
Қурбоналӣ РАҲМОН, сармуҳаррири рӯзномаи Ҷумҳурият:
Имрӯз нақши воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот нисбат ба ҳар вақти дигар муҳимтар арзёбӣ мешавад. Албатта, бо назардошти ҳаводиси охири сайёра, хусусан бархўрди қудратҳои ҷаҳонӣ ин як чизи маъмулист, вале муҳим ин аст, ки кадом давлат аз ин неруи бузурги созанда бо кадом роҳу восита ва чӣ гуна истифода мебарад. Ақидаи ман ин аст, ки дар баробари сохторҳои қудративу амниятӣ ба ВАО, аз ҷумла ба матбуот бояд нисбат ба ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи бештару созгортар зоҳир гардад. Сар карда аз усулҳои нави омода намудани кадрҳои журналистӣ то таъсиси таъҷилии шаклҳои муосиру муассири таъсиррасони иттилоотӣ. Мушоҳидаҳои чанд соли охир шаҳодат аз он медиҳанд, ки давлатҳои пешрафта журналистикаро ба ҷузъи ҷудонопазири сохторҳои қудративу амниятӣ табдил додаву аз аҳли қалам чун аз афсарони кордида хеле устокорона ва самаровар истифода намуда, идеологияи миллию давлатиро воқеан созанда тарғиб мекунанд ва бо ин роҳ насли ҷавонро ба фидоии воқеӣ табдил медиҳанд.
Мутаассифона, бо вуҷуди аз меъёр зиёд таъсис додани шуъбаву факултаҳои журналистӣ сатҳи касбияти рўзноманигорони мо ҳанўз сайқалёфта ва ба камол расида нест. Хосса тарбияи журналист-таҳлилгарони масоили сиёсӣ нигаронии ҷиддӣ ба дунбол дорад. Барои ҳамин, агар мо хоҳем, ки нақши ВАО, аз ҷумла матбуотро дар ҷомеаи имрўзи тоҷик рўшантару таъсирбахш созем, пас зурур аст, то ҳамаи он журналистонеро, ки дар соҳаи худ шинохтаву ном доранд, тавони таҳлилу ҳисси ватанпарастӣ доранд ва дасти кам забонҳои русиву англисиро медонанд, дар як сохтори нав ба ҳам оварда, дар ин замина бо ҷалби мутахассисони дигари соҳавӣ, чун Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастгоҳи муқтадири таъмини амнияти иттилоотӣ созмон диҳем.
Самариддин АСОЗОДА, сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”:
Дар оғози пайдоиш матбуот рисолати сирф хабаррасонӣ дошт ва барои он зарур буд, ки мардум аз навигариҳои ҷомеа огоҳӣ пайдо намояд. Баъдтар зарурати бо ахбор таъсир расонидан ба афкори ҷомеа ба миён омад ва роҳҳои гуногуни ҷолибсозии матнро ҷӯё шуданд. Иддае ба сухани матбуот тобиши бадеӣ доданд, бархе ба таҳлилу тавзеҳ рӯ оварданд. Вале мақсад дар умум ба ҳар роҳе, ки набошад, таъсир расонидан ба андешаронии омма ва ба вуҷуд овардани афкори ҷомеа маҳсуб мешуд.
Фикр мекунам, рисолати матбуот ҳоло низ тавассути матолиби рангину хонданбоб ба вуҷуд овардани афкори ҷомеа ва сафарбар намудани хонандагон ба созандагиву бунёдкорист. Ва дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки бархӯрди фарҳангҳову ихтилофи байни мазҳабҳо возеҳ ба назар мерасад, ҳифзи арзишу суннатҳои миллӣ ва талқин кардани онҳо бояд дар мадди аввал ва бештар бошад. Яъне, тарбияи худшиносии миллӣ дар замири хонандагони матбуот.
Ин нуктаро ҳам бояд зикр кард, ки ҳоло воситаҳои гуногуни расонидани навгониҳо, ба монанди шабакаҳои иҷтимоиву мессенҷерҳо ба миён омадаанд, ки ҳар сония хабару иттилооти нав пахш мекунанд. Ин ҷиҳат, ба қавле, вазифаи фаврӣ расонидани ахборро аз матбуотчиён кашида гирифтааст. Вале вазифаи таҳлилгариву тафсиргарии матбуот ҳамоно боқист. Ба ибораи дигар, агар воситаҳои навбаромад гӯянд, ки фалон воқеа ба амал омад, пас матбуот чаро ба вуҷуд омадани он рӯйдодро шарҳ медиҳад, ки фикр мекунам, нақши матбуот дар замони ҳозира ҳамин аст.
Бахтиёр ҲАМДАМОВ, сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари халқ»:
Барои пайдо шудани рӯзноманигорӣ матбуот, ки аз қадимтарин воситаи иттилоъпаҳнкунӣ маҳсуб мешавад, заминагузор аст. Ва сипас дигар воситаҳои иттилоърасон, аз ҷумла радиову телевизион пайдо шуданд. Аз ин лиҳоз матбуот муқаддамтар буда, заминаи рушди журналистикаро ба таври устувор гузоштааст.
Имрӯз воситаҳои дигари паҳнкунии иттилоот, воситаҳои дигари коммуникатсионӣ пайдо шудаанд. Мо аз замони шӯравӣ одат кардаем, ки воситаҳои ахбори омма гӯем, аммо дар сатҳи байналмилалӣ онро воситаҳои коммуникатсонӣ, яъне воситаҳои иртиботот мегӯянд. Имрӯз баҳсҳо сари он меравад, ки оё нақши матбуот дар ҷомеа муассир боқӣ мемонад ва ё бо пайдо шудани воситаҳои нави иттилоърасонӣ аз байн хоҳад рафт?
Бояд гӯям, ки ҳар яки он дар ҷомеа ҷойгоҳи махсуси худро дорад. Мо имрӯз агар аз нигоҳи ҷавонон бигирем, онҳо бештар ба воситаҳои чандрасонаӣ алоқамандӣ доранду ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Чунки заҳмати хондану варақ задани матбуот барои онҳо бегона аст. Барои онҳо осонтар аст, ки иттилоъро тариқи аудиовизуалӣ қабул кунанд. Пӯшида нест, ки худи мо низ ба хотири гирифтани хабар бештар ба воситаҳои электронӣ муроҷиат мекунем. Ва аз тариқи ютубканалҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ иттилооти зарурии худро дастрас мекунем. Вале инҳо хусусияти фарқкунандагӣ доранд. Матбуот баъзе бартарияте дорад, ки дигар воситаҳои паҳнкунии ахбор надоранд. Дар навбати худ воситаҳои электронӣ ё интернетӣ низ баъзе хусусияте доранд, ки аз матбуот бартарӣ доранд. Миёни онҳо тавозун мавҷуд аст. Агар барномаҳои телевизиониро гирем, онҳо танҳо дар ҳудуди 24 соат намоиш дода мешаванд ва имкони аз ин марз берун баромадан надоранд. Бояд ки шумо тамоми иттилооти мавҷударо дар маҳдудаи 24 соат ғунҷоиш диҳед.
Матбуот имконияти васеъ дорад. Шумо метавонед маводро дар 16 саҳифа нашр кунед, агар зарурат бошад дар 24 саҳифа, 50, 60 то 90 саҳифа ва зиёдтар аз он нашр кунед. Яъне, имконият барои ғунҷоиши маълумот дар рӯзнома бештар аст, ки ин имкониятро радиову телевизион надоранд. Агар пахши маводу иттилоъ дар телевизиону радио ҳамон лаҳза ироа шавад, матбуотро баъд аз як ва ё ду ҳафта низ метавонед мутолиа кунед. Матлабҳои таҳлилӣ бештар аз тариқи матбуот паҳн мешаванд, ки ин барои хонанда имконият фароҳам меорад, то хонад ва сари он андеша кунад. Гарчанде ки яке аз воситаҳои паҳнкунии иттилоот интернет мебошад, матбуот низ дар саҳифаҳои интернетӣ дар шакли электронӣ роҳ ёфтааст ва хусусияти худро дар дохили он ҳифз кардааст. Матн имрӯз хеле муҳим аст ва матбуот низ ба матн вобаста аст. То даме, ки андеша, маърифат мавҷуд аст, башарият ҳаргиз аз истифодаи матн даст нахоҳад кашид. Ва бартарияти матбуот низ дар матн аст, ки ин як усули паҳнкунии иттилоъ аст ва ин тарзи қабулро мардум эътироф кардаанд.
Шодихони НАЗАР, сармуҳаррири Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”:
Матбуоти тоҷик давоми 110 соли фаъолият дар дифои арзишҳои миллӣ, истиқлолу озодихоҳии миллат, бедор намудани ҳисси худшиносии мардум нақши бузург гузошт ва имрӯз низ ин рисолати пуршарафашро бо сарбаландӣ анҷом дода истодааст. Бо пайдо шудани интернет, ки ба андешаи аксари одамон мавқеи матбуот танг шуд, матбуоти мо баҳри анҷом додани масъулияти ба зимма доштааш самти фаъолияташро то андозае тағйир дод. Яъне, барои аудиторияи худро аз даст надодан ҳамқадами замона шуд. Имрӯз аксар нашрияҳои мо дар шакли чандрасонаӣ фаъолият доранд. Рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” метавонад мисоли равшани он бошад. Ба андешаи ман, дар ҷомеаи имрӯза фарқ гузоштан миёни журналистикаи телевизион, радио ва матбуот на он қадар қобили қабул аст, зеро замона аз журналисти имрӯза талаб мекунад, ки дар баробари хуб навишта тавонистан бо техникаҳои замонавии аудиоию видеоӣ кор карда тавонад. Қобили қабул он аст, ки мо бояд журналистикаи соҳавиамонро бештар рушд диҳем.
Бо пайдо шудани интернет ва вориди рақобат шудани он бо ВАО ба фарқ аз солҳои қабл маводи таҳлилии хонданӣ дар матбуот зиёд мушоҳида мешаванд. Баъди то андозае аз даст додани мавқеи маводи хабарӣ дар матбуот ҷои онҳоро маводи таҳлилӣ пур намуданд, ки ба андешаам ягон бадӣ надорад. Барои мисол, ҳайати эҷодии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” давоми сол якчанд филмҳои тарбиявию ахлоқӣ ва дорои хусусияти бедоркунии худшиносии миллии насли ҷавонро ба навор гирифт, ки тариқи телевизионҳои давлатӣ низ пахш шуданд. Ин филмҳо дар заминаи маводи таҳлилии навиштаи ҳайати эҷодии рӯзнома ба вуҷуд омаданд. Чизи дигари қобили таваҷҷуҳ он аст, ки мо саҳми рӯзноманигорони матбуотро дар ҷангҳои иттилоотӣ фаъол мушоҳида кардем, ки ин ҳам аз нақши матбуот дар замони имрӯза дарак медиҳад. Онҳо дар баробари навиштани маводи таҳлилӣ инчунин хабару барномаҳо омода карда, дар шакли чандрасонаӣ ба аудиторияи худ пешниҳод намуданд.
Имрӯз мегӯянд, ки мардум рӯзнома намехонад, вале ба андешаи инҷониб ин гуфта ғалат аст. Нафароне, ки рӯзнома намехонанд, танҳо шакли хонишашонро иваз намудаанд. Онҳо маводи нашрияҳоро дар шакли электронӣ мутолиа мекунанд, ки ин аз интихоби хонанда вобаста аст. Шояд бархе гӯянд, дар ҳоле ки хонанда шакли электронӣ мутолиа кунад, чаро нашрияҳо бояд аз чоп бароянд. Интернет баҳри беканор аст, ҳамарӯза миллиардҳо мавод дар он ҷой дода мешаванд. Шояд баъди 20 сол пайдо кардани он барои як муҳаққиқи ҷавон, барои насли оянда мушкил бошад. Нашрияҳои чопӣ имкони хуб ва боварибахш барои ба насли оянда ба мерос мондани фазо ва таърихи имрӯзи миллатанд. Инро мо аз таҷрибае мегӯем, ки ҳамарӯза дари нашрияҳоро даҳҳо нафар, аз донишҷӯ то муҳаққиқ, барои дастрасӣ ба шумораҳои солҳои пеш мекӯбанд. Ин ки матбуот миёни насли ҷавони имрӯз то андозае мавқеи худро аз даст додааст, гузаранда аст. Яъне, ин марҳилаи гузариш аст ва мо бояд инро паси сар кунем. Таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон дод, ки дар натиҷаи бо суръати кайҳонӣ пеш рафтани илму техника мардум ба рӯзномахонӣ баргашта истодаанд. Далели равшани ин ҳамарӯза ду-се маротиба бо теъдоди садҳо ҳазор нусха аз чоп баромадани рӯзномаҳо дар кишварҳои аз лиҳози техникӣ тариққикарда, ба монанди Кореяву Амрикост. Ин нишони он аст, ки матбуот аз замони пайдоиш нақш дошт, дорад ва дар оянда низ хоҳад дошт.
Бо бардошт аз нуқтаи назари мусоҳибон метавон гуфт, ки замона ҳамеша дар ҳоли рушду инкишоф ва ё таназзул аст, ки ин табиист. Хоҳу нохоҳ ҳар навгонӣ диққатҷалбкунанда мешавад ва то ҷое мавқеи кӯҳнаро танг месозад. Вале рӯзномаю маҷаллаҳо ҳаргиз ҷойгоҳро аз даст намедиҳанд, чунки дар муқоиса ба шакли нави иттилоотӣ он ҳамчун моли табиӣ ва зинда буда, бартарияту афзалиятро соҳиб аст. Дар давраи рақобат бояд фаъолияти рӯзномаю маҷаллаҳо таҷдиди назар ва навовариҳо амалӣ карда шаванд.
Пас, метавон бо боварии комил гуфт, ки Воситаҳои ахбори омма, бахусус матбуот дар ҳар давру замон бавуҷудоварандаи афкори омма будаву хоҳанд монд. Навобаста аз таҳаввулоти илму техника ва пахши фазои иттилоотӣ тавассути интернет матбуот ҷойгоҳи худро чӣ дар саҳифаҳои рӯзномаҳо ва чӣ ба шакли электронӣ дар сомонаҳои интернетӣ пойдору устувор нигоҳ медорад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: манбаъҳои боз