Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба шаҳри Панҷакент сафари корӣ анҷом дод

Март 26, 2022 12:12

ДУШАНБЕ, 26.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сулаймон Зиёзода аз шаҳри Панҷакент боздид кард. Зимни сафар ӯро директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Холмурод, Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва дигарон ҳамроҳӣ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Панчакент бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил давоми сол тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд.

Ҷиҳати бо оби полезӣ таьмин намудани наздик ба 200 гектар заминҳои кишоварзии мавзеи Дашти Қозии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ сохтмони пойгоҳи обкашӣ моҳи декабри соли 2021 оғоз ёфта, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда истодааст.

Дар замини обёришаванда аз ҷониби хоҷагиҳои инфиродии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ боғҳои гуногун бунёд гардида, ниҳолҳои чормағз, зардолу, себ ва токи ангури тоифӣ парвариш карда мешаванд.

Муовини Сарвазир Сулаймон Зиёзода аз рафти корҳои сохтмонии фермаи моли калони шохдори соҳибкор Масрур Савриев дидан намуд.

Фермаи мазкур барои парвариши 100 сар чорво ба нақша гирифта шуда, асосан барои парвариши чорвои гӯштӣ пешбинӣ гардидааст.

Сулаймон Зиёзода барои саривақт ва бо сифати аъло анҷом додани корҳо ва кабудизоркунии гирду атроф ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар идомаи боздид муовини Сарвазир бо вазъи пойгоҳҳои обкашии «Дупула» ва «Ёрӣ 1» шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати саривақт таъмин намудани оби полезӣ ба хоҷагидорон дастур дод.

 

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Март 26, 2022 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт