Музаффар Ашӯриён: «Тоҷикистон чун ҳамсояи наздик ҳамеша аз ҳалли фарогир ва мусолиматомези мушкилоти Афғонистон ҷонибдорӣ кардааст»
ДУШАНБЕ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 31 март дар шаҳри Тунсии Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти сеюми вазирони ҳамсоякишварҳои Афғонистон баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлия Музаффар Ашӯриён ширкат намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Роҳбари ҳайати Тоҷикистон зимни суханронӣ манфиатҳои муштаракро ба барқароршавии Афғонистон ҳамчун давлати аз нигоҳи сиёсӣ устувор, сулҳҷӯ ва рушдёбанда, ки ба ҳуқуқу озодиҳои бунёдии инсон эҳтиром гузошта, аз терроризм ва ҷиноятҳои маводи мухаддир бошад, зикр кард.
Ҷониби Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки мардуми Афғонистон бо тамоми гуногунии этникӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ бояд дар муайян кардани ояндаи кишвари худ ҷалб карда шавад.
«Ташаккули ҳукумати ҳамашумул тавассути интихобот ва бо иштироки тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ, этникӣ ва иҷтимоӣ, инчунин таъмини ҳуқуқи инсон шарти бунёдии ба эътидол овардани вазъият ва ҳалли мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон мебошад. Тоҷикистон чун ҳамсояи наздик ҳамеша аз ҳалли фарогир ва мусолиматомези мушкилоти Афғонистон ҷоибдорӣ кардааст», — афзуд роҳбари ҳайати Тоҷикистон.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Тоҷикистон борҳо зарурати ироаи кумакҳои башардӯстонаи ҳамаҷониба ба мардуми азияткашидаи Афғонистонро аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид кардааст.
Дар ин робита зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар марз бо Афғонистонро барои интиқоли борҳои башардӯстона аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ба Афғонистон фароҳам оварда, илова бар ин, интиқоли неруи барқро ба ин кишвар идома медиҳад.
«Мо омодаем минбаъд низ ба ин раванд ҳамаҷониба мусоидат намоем, то заминаҳои зарурӣ барои истиқрори сулҳу субот, амният ва эҳёи иҷтимоию иқтисодии онро дар сарзамини азияткашидаи Афғонистон фароҳам оварем», — илова намуд М.Ашӯриён.
Дар фарҷом Изҳороти муштараки нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии ҳамсоякишварҳои Афғонистон ва Ташаббуси Тунси барои дастгирии эҳёи иқтисод дар Афғонистон қабул шуданд.
Дар Изҳороти муштарак дар баробари пешниҳодҳои дигари Тоҷикистон ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон дарҷ гардид.
Пас аз нишаст мулоқоти дуҷонибаи М. Ашӯриён бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И баргузор шуд, ки дар рафти он масъалаҳои муносибатҳои шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКСҲО аз манбаъҳои боз









Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






